Шумораи доварони тоҷик, ки бозиҳои байналмилалии футболро ҳакамӣ мекунанд, зиёд шуд

Федератсияи байнулмилалии футбол (FIFA) феҳристи доваронеро, ки соли 2025 дар бозиҳои байналмиллалӣ ҳакамӣ мекунанд, нашр кардааст. Теъдоди доварони тоҷик дар ин рӯйхат нисбат ба соли гузашта афзоиш ёфта, аз 14 нафар ба 17 кас расидааст.  Аз ин миён 6 довари FIFA, 8 ёвари доварони FIFA ва 2 каси дигар доварони FIFA дар риштаи футзал ҳастад. Ҳамчунин, […]

Asia-Plus

Федератсияи байнулмилалии футбол (FIFA) феҳристи доваронеро, ки соли 2025 дар бозиҳои байналмиллалӣ ҳакамӣ мекунанд, нашр кардааст.

Теъдоди доварони тоҷик дар ин рӯйхат нисбат ба соли гузашта афзоиш ёфта, аз 14 нафар ба 17 кас расидааст. 

Аз ин миён 6 довари FIFA, 8 ёвари доварони FIFA ва 2 каси дигар доварони FIFA дар риштаи футзал ҳастад.

Ҳамчунин, 2 довар аз Душанбе – Гулмуроди Саъдулло ва Зуҳал Худҷаназарова ба рӯйхати видеодоварон (VAR) шомил гардида, ҳуқуқи қазовати бозиҳои байналмилалиро ҳамчун VAR пайдо кардаанд.

 

Ҳайати доварони байналмилалӣ FIFA аз Тоҷикистон:

Доварони FIFA:

Гулмуроди Саъдулло (Душанбе)

Насрулло Кабиров (Норак)

Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе)

Абдулло Давлатов (Шаҳринав)

Амирҷон Хоркашев (Душанбе)

Нодира Мирзоева (Душанбе)

 

Ёрдамчиёни доварони FIFA:

Акмал Буриев (Турсунзода)

Хусрави Сиддикзод (Душанбе)

Хасан Каримов (Норак)

Вафо Қараев (Шаҳринав)

Фарҳод Куралов (Душанбе)

Исмоил Нуралиев (Норак)

Ғайрат Рузибоев (Шахринав)

Дилшод Раҳмонова (Душанбе)

 

Довари FIFA дар риштаи футзал:

Сӯҳроб Сатторов (Турсунзода)

Сафаралӣ Маҳмадизода (Душанбе)

 

Ҳакамҳои видеодоварон (VAR)-и  FIFA:

Гулмуроди Саъдулло (Душанбе)

Зуҳал Хуҷаназарова (Душанбе)

Тибқи маълумоте, ки барои соли 2024 нашр шудааст, ҳакамҳои тоҷик барои ҳамкасбони худ аз минтақа рақобати қавианд. Масалан, Эронро 33 ҳакам, Ӯзбакистон – 29, Қазоқистон – 21, Қирғизистон – 17, Туркманистон – 15 ва Афғонистон – 5 ҳакам намояндагӣ мекунанд.

Қаблан ФФТ хабар додла буд, ки Гулмуроди Саъдулло, ки довари ФИФА (FIFA)  аз Тоҷикистон аст, бозии даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро ҳакамӣ мекунад.

Ӯ якҷо бо дастааш дар бозии даври интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «С» миёни дастаҳои мунтахаби Чин ва Арабистони Саудӣ, ки 10 сентябр дар шаҳри Даляни Чин баргузор мешавад, сардовар таъин шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио