Аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон хатсайрҳои нави автобус боз мешаванд

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон эълон кард, ки роҳандозии хатсайрҳои нави байнулмилалии автобусро дар нақша дорад. Ин хатсайрҳо ҳамлу нақли мусофирон байни Ӯзбекистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин Русия ва Чинро таъмин мекунанд.

Тавре ки хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон хабар медиҳад, хатсайрҳо ба Тоҷикистон байни шаҳрҳои Самарқанд – Душанбе ва Бухоро – Душанбе роҳандозӣ мешаванд.

Ҳамчунин ташкили хатсайрҳои автобус ба самтҳои зерин низ дар назар аст:

Қазоқистон

Бухоро – Туркистон

Ургенҷ – Актау

Фарғона – Алмато (тариқи Тоҷикистон)

Қирғизистон

Андиҷон – Ош

Андиҷон – Ҷалолобод

Андиҷон – Арсланбоб

Косонсой – Ҷалолобод

Бухоро – Бишкек

Русия

Сурхондарё – Бухоро –Ургенҷ – Нуқус – Маскав

Ургенҷ– Нуқус – Уфа

Нуқус – Краснодар

Тошканд – Уфа

Тошканд – Краснодар

Чин

Нуқус – Ургенҷ – Бухоро – Урумчӣ.

Ба иттилои манбаъ, ин хатсайрҳо робитаи нақлиётиро байни давлатҳо ба таври назаррас беҳтар намуда, сафарҳоро барои шаҳрвандони кишварҳои минтақа бароҳаттар мекунанд.

Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон дигар ширкатҳои мусофирбари манфиатдор  ба ташкили хатсайрҳои байнулмилалиро даъват мекунад, ки бо пешниҳодҳо ба вазорат муроҷиат кунанд. Инчунин, вазорат омода аст дархостҳои ширкатҳои хориҷиро, ки мехоҳанд хатсайрҳои мутақобила дар самтҳои мазкурро анҷом диҳанд, баррасӣ намояд.

Илова бар ин, Вазорати нақлиёт пешниҳодҳоро оид ба роҳандозии хатсайрҳо дар дигар самтҳои байналмилалӣ низ қабул мекунад. Барои ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор рақами тамоси зерин дастрас аст: +998 (71) 202 05 00 (535), (116), (110).

Билетҳои хатсайрҳои нави байналмилалӣ, аз ҷумла хатсайрҳои дохили Ӯзбекистон ва ба дигар кишварҳо, тавассути сомонаи расмии avtoticket.uz ва замимаҳои мобилии ATTO ва UzBUS дастрасанд.

Ёдрас мекунем, ки соли 2022 аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ба якчанд шаҳрҳо хатсайрҳои нави байнулмилалии автобус роҳандозӣ шуда буданд. Ба ин хатсайрҳо ширкати «Холдинг Азия Групп Тоҷикистон» хидматрасонӣ мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...