Аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон хатсайрҳои нави автобус боз мешаванд

Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон эълон кард, ки роҳандозии хатсайрҳои нави байнулмилалии автобусро дар нақша дорад. Ин хатсайрҳо ҳамлу нақли мусофирон байни Ӯзбекистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин Русия ва Чинро таъмин мекунанд. Тавре ки хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон хабар медиҳад, хатсайрҳо ба Тоҷикистон байни шаҳрҳои Самарқанд – Душанбе ва Бухоро – Душанбе роҳандозӣ мешаванд. Ҳамчунин […]

Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон эълон кард, ки роҳандозии хатсайрҳои нави байнулмилалии автобусро дар нақша дорад. Ин хатсайрҳо ҳамлу нақли мусофирон байни Ӯзбекистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин Русия ва Чинро таъмин мекунанд.

Тавре ки хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон хабар медиҳад, хатсайрҳо ба Тоҷикистон байни шаҳрҳои Самарқанд – Душанбе ва Бухоро – Душанбе роҳандозӣ мешаванд.

Ҳамчунин ташкили хатсайрҳои автобус ба самтҳои зерин низ дар назар аст:

Қазоқистон

Бухоро – Туркистон

Ургенҷ – Актау

Фарғона – Алмато (тариқи Тоҷикистон)

Қирғизистон

Андиҷон – Ош

Андиҷон – Ҷалолобод

Андиҷон – Арсланбоб

Косонсой – Ҷалолобод

Бухоро – Бишкек

Русия

Сурхондарё – Бухоро –Ургенҷ – Нуқус – Маскав

Ургенҷ– Нуқус – Уфа

Нуқус – Краснодар

Тошканд – Уфа

Тошканд – Краснодар

Чин

Нуқус – Ургенҷ – Бухоро – Урумчӣ.

Ба иттилои манбаъ, ин хатсайрҳо робитаи нақлиётиро байни давлатҳо ба таври назаррас беҳтар намуда, сафарҳоро барои шаҳрвандони кишварҳои минтақа бароҳаттар мекунанд.

Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон дигар ширкатҳои мусофирбари манфиатдор  ба ташкили хатсайрҳои байнулмилалиро даъват мекунад, ки бо пешниҳодҳо ба вазорат муроҷиат кунанд. Инчунин, вазорат омода аст дархостҳои ширкатҳои хориҷиро, ки мехоҳанд хатсайрҳои мутақобила дар самтҳои мазкурро анҷом диҳанд, баррасӣ намояд.

Илова бар ин, Вазорати нақлиёт пешниҳодҳоро оид ба роҳандозии хатсайрҳо дар дигар самтҳои байналмилалӣ низ қабул мекунад. Барои ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор рақами тамоси зерин дастрас аст: +998 (71) 202 05 00 (535), (116), (110).

Билетҳои хатсайрҳои нави байналмилалӣ, аз ҷумла хатсайрҳои дохили Ӯзбекистон ва ба дигар кишварҳо, тавассути сомонаи расмии avtoticket.uz ва замимаҳои мобилии ATTO ва UzBUS дастрасанд.

Ёдрас мекунем, ки соли 2022 аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ба якчанд шаҳрҳо хатсайрҳои нави байнулмилалии автобус роҳандозӣ шуда буданд. Ба ин хатсайрҳо ширкати «Холдинг Азия Групп Тоҷикистон» хидматрасонӣ мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.