“Аҳмади Иброҳим ва дигар рӯзноманигоронро озод кунед”. Талаби ду созмони дифоъ аз рӯзноманигорон аз мақомоти Тоҷикистон

Asia-Plus

Гузоришгарони Бидуни Марз ва Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон, ду созмони байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон аз мақомоти Тоҷикистон хостанд, Аҳмади Иброҳим, сардабири ҳафтномаи “Пайк” дар Кӯлоб, ки 10-уми январи соли 2025 ба 10 соли зиндон маҳкум шуд ва дигар рӯзноманигорони зиндониро раҳо кунанд.

Аҳмади Иброҳим  моҳи августи соли 2024 дастгир шуда буд. Мақомот ӯро ба “ришвадиҳӣ ба маъмури Кумитаи давлатии амнияти миллӣ”, “тамаъҷӯӣ” ва “ифротгароӣ” айбдор карда, вале то ба ҳол шарҳ надодаанд. Худи Аҳмади Иброҳим иттиҳомро эътироф накардааст.

Дар изҳороти Жанна Кавелйе, масъули барномаҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ дар Гузоришгарони Бидуни Марз зикр шудааст, ки “истифодаи низоми судиро барои хомӯш кардани садоҳои мухолиф маҳкум ва фавран озод кардани Аҳмади Иброҳим ва ҳафт рӯзноманигори дигари зиндонӣ дар кишварро талаб мекунад”.

“Ҳукми 10 соли зиндон ба Аҳмади Иброҳим як ҳукми марг барои журналистикаи мустақил дар Хатлон мебошад. Ин ҳукм — натиҷаи мурофиаи ғайришаффоф ва бидуни ҳуқуқи ҳимоя — боз як намунаи талоши мақомот барои хомӯш кардани охирин паноҳгоҳҳои матбуоти мустақил мебошад. Гузоришгарони Бидуни Марз талаб мекунад, ки Аҳмад Иброҳим ва дигар рӯзноманигорони зиндонӣ дар Тоҷикистон фавран озод карда шаванд”, – таъкид мешавад дар изҳороти Жанна Кавелйе.

 

Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон ҳам ҳукм нисбати Аҳмади Иброҳимро сангин номид.

Гулноза Саид, ҳамоҳангсози барномаи Аврупо ва Осиёи Марказии Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон навишт, ки “мақомоти тоҷик давоми даҳсолаи охир қариб тамоми матбуоти мустақилро аз байн бурдаанд. Ҳукми сангини Аҳмади Иброҳим нишон медиҳад, ки онҳо то чӣ андоза омодаанд, то гузоришҳои танқидиро аз байн баранд”.

Ӯ ҳам аз мақомоти тоҷик хост, “Аҳмади Иброҳимро ҳамроҳ бо ҳафт рӯзноманигори дигари зиндонӣ озод кунанд ва муҳити маҳдудкунандаи расонаҳои кишварро ислоҳ намоянд”.

 

Бояд гуфт, ки ҳукми Аҳмади Иброҳим пас аз як рӯзи додхоҳии ӯ аз Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон содир гардид.

Ӯ дар он нома навишта буд, ки бо гузашти ним сол аз боздошташ вакили мудофеъ (адвокат) надорад ва мақомот аксҳои маҳрамонаи хонаводагӣ ва мукотибаҳои шахсияшро ба зидди ӯ истифода мекунанд.

“Дар умрам ба касе пора надодаам, вале маро ба порадиҳӣ айбдор мекунанд. Дар умрам тамаъҷӯӣ накардаам, аммо маро ба тамаъҷӯӣ айбдор доранд. Дар умрам ифротгаро набудам, балки тӯли 22 соли охир ба ифротгароӣ мубориза бурдам. Чӣ гуна мани рӯзноманигор ва нависандаи 6 роман дар васфи зардуштиён салафӣ мешавам?”, – навиштааст Аҳмади Иброҳим дар номааш.

Аҳмади Иброҳим ҳамаи иттиҳомро рад карда, боздошташро кори дасти “як раис ва ду корманди мақомот” номида, вале аз касе ном нагирифт.

Пас аз боздошти Аҳмади Иброҳим ҳафтаномаи “Пайк” пурра аз чоп бозмонд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...