Аз лиҳози суръати интернети ноқилӣ Тоҷикистон дар мақоми 121-ум қарор дорад

Бино ба маълумоти Speedtest Global Index дар давраи моҳҳои сентябр-ноябр, аз лиҳози суръати интернети ноқилӣ Тоҷикистон миёни 155 кишвар дар мақоми 121-ум қарор дорад. Суръати миёнаи боргузорӣ (загрузка) 30,55 Мбит/с-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба сатҳи ҷаҳонии 95 Мбит/с ба таври назаррас кам аст. Инчунин мавқеи Тоҷикистон дар муқоиса бо кишварҳои ҳамоя низ хеле паст […]

Asia-Plus

Бино ба маълумоти Speedtest Global Index дар давраи моҳҳои сентябр-ноябр, аз лиҳози суръати интернети ноқилӣ Тоҷикистон миёни 155 кишвар дар мақоми 121-ум қарор дорад. Суръати миёнаи боргузорӣ (загрузка) 30,55 Мбит/с-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба сатҳи ҷаҳонии 95 Мбит/с ба таври назаррас кам аст.

Инчунин мавқеи Тоҷикистон дар муқоиса бо кишварҳои ҳамоя низ хеле паст аст: Ӯзбекистон (зинаи 73-юм, 79 Мбит/с), Қирғизистон (зинаи 84-ум, 73 Мбит/с) ва Қазоқистон (зинаи 89-ум, 66 Мбит/с).

Пешсафони радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Сингапур (324 Мбит/с), Гонконг (302 Мбит/с) ва Амороти Муттаҳидаи Араб (301 Мбит/с) дониста шудаанд.

Маълумот дар бораи суръати миёнаи интернети мобилӣ дар Тоҷикистон дар давраи моҳҳои сентябр-ноябр пешниҳод нашудааст.

Аммо дар моҳи феврали соли 2024 Тоҷикистон миёни 143 кишвар дар мақоми 139-ум ва моҳи май – дар зинаи 143-юм қарор гирифта буд.

Маълум нест, ки баъди он боз дигар кишварҳо буданд ё Тоҷикистон дар зинаи охирин ҷой гирифта буд.

Дар радабандии ҷаҳонӣ суръати миёнаи ҷаҳонӣ аз рӯи интернети мобилӣ 62 Мбит/сонияро ташкил медиҳад. Пешсафон дар ин самт Амороти Муттаҳидаи Араб (442 Мбит/с), Қатар (358 Мбит/с) ва Кувейт (264 Мбит/с) зикр шудаанд.

Дар минтақа Тоҷикистон аз рӯи нишондиҳандаҳои интернети мобилӣ низ қафо монда, дар муқоиса бо кишварҳое чун Қазоқистон (54 Мбит/с), Ӯзбекистон (38 Мбит/с) ва Қирғизистон (40 Мбит/с) дар зинаи поинтар ҷойгир шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.