Мансабдорони тоҷик ба суолҳои рӯзноманигорон посух медиҳанд

Asia-Plus

Нишастҳои матбуотии солона дар вазорату идора ва кумитаву оҷонсиҳои Тоҷикистон рӯзи 27-уми январ оғоз шуда, то 14-уми феврал давом меёбад. “Азия-Плюс” бо нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ, ки аз тарафи Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон имзо шудааст, шинос гардид.

Дар ин нишастҳо қарор аст роҳбарони ниҳодҳои Тоҷикистон ба хабарнигорон дар бораи натиҷаҳои фаъолияти соли 2024 маълумот диҳанд.

Дар рӯзи аввал, яъне 27-уми январ, Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Ваколатдори ҳуқуи инсон ва Кумитаи хоҷагии манзилию комуналӣ нишастҳои матуботии худро баргузор мекунанд.

Бояд гуфт, нишастҳои матуботии мақомототи давлатии Тоҷикистон бо супориши Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2005 баргузор мегарданд. Дар аввал масъулони вазорату идораҳо пас аз ҳар се моҳ бо рӯзноманигорон дидор анҷом медоданд. Аммо пас аз соли 2011 нишастҳои хабарӣ дар ним сол як бор сурат мегиранд.

Гуфта мешуд, ки он "бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти вазорату идораҳо ва ҳамчунин дастрасии матбуот ба сарчашмаҳои расмии маълумот нишастҳои хабарӣ гузаронида мешавад".

Дар ҳамин ҳол, сол аз сол дастрасии иттилоъ аз ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон барои рӯзноманигорон мушкил мешавад. Масъулуни ниҳодҳо бо баҳонаи равон кардани мактуби расмӣ аз додани ҳар гуна иттилоъ худдорӣ мекунанд, ки ин хилофи қонун аст.

Ин аст, ки нишастҳои хабарӣ дар солҳои охир ягона имкони асосии мулоқоти рӯ ба рӯйи рӯзноманигорон бо нафарони аввали вазорату идораҳои давлатӣ ва гирифтани иттилоъ аз онҳо гаштааст. Аммо бештари вақт хабарнигорони тоҷик аз шеваи баргузории нишастҳо ва посухи масъулини ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон қаноатманд немешаванд

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...