Тоҷикистон ба мардуми Ғазза кумаки башардӯстона фиристод

Тоҷикистон якҷоя бо чанд давлати дигар барои мардуми Ғазза 200 тонна орди гандумӣ ҳамчун кумаки башардӯстона фиристодааст. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар додааст. Ин ниҳод гуфтааст, ки ин кумак дар доираи иқдоми башардӯстонаи якчанд давлати узви Созмони исломии амнияти озуқаворӣ (IOFS) бо мақсади бартарафсозии мушкилоти шадиди норасоии ғизо дар Ғазза ирсол гардидааст. […]

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Тоҷикистон якҷоя бо чанд давлати дигар барои мардуми Ғазза 200 тонна орди гандумӣ ҳамчун кумаки башардӯстона фиристодааст. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар додааст.

Ин ниҳод гуфтааст, ки ин кумак дар доираи иқдоми башардӯстонаи якчанд давлати узви Созмони исломии амнияти озуқаворӣ (IOFS) бо мақсади бартарафсозии мушкилоти шадиди норасоии ғизо дар Ғазза ирсол гардидааст.

Ин миқдори ёрии башардӯстонаро Тоҷикистон ҳамроҳ бо Қазоқистон, Озарбойҷон ва Бангладеш дар ҳамкорӣ бо як ташкилоти хайриявии Урдун равон кардаанд. Аммо мушаххас нест, чӣ қадари он ба Тоҷикистон таалуқ дорад.

Интизор меравад, ки корвони кумаки башардӯстона давоми ду рӯзи оянда ба гузаргоҳи сарҳади Карам Абу Салам расад.

Қарор аст ин кумак, ки барои бартараф ардани камбуди ғизои тақрибан 8 ҳазор оила пешбинӣ шудааст, аз тарафи Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ ва дигар ниҳодҳои ин созмон тақсим карда шавад.

Ёдрас мешавем, ки қаблан дар Тоҷикистон барои ёрӣ ба аҳолии осебдидаи Ғазза суратҳисоби ягона кушода шуда буд.

Ин суратҳисоб бо ташаббуси  ҷомеаи шаҳрвандӣ бо дастгирии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва КВД “Дипсервис”-и Тоҷикистон барои расонидани кумак ба мардуми осебдидаи Фаластин ба роҳ монда шуда буд.

Суратҳисоб замимаи “Алиф.моби”-и бонки "Алиф" ҷойгир шуда, дар он то моҳи апери соли 2024 беш аз 2,5 млн сомонӣ ҷамъоварӣ шуда буд. Маълум нест, ки маблағи ҷамъоварда билохира ба мардуми Ғаза расонида шуд ё не.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои кишварҳои кӯҳистони минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон аҳаммияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.