Тоҷикистон ба мардуми Ғазза кумаки башардӯстона фиристод

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Тоҷикистон якҷоя бо чанд давлати дигар барои мардуми Ғазза 200 тонна орди гандумӣ ҳамчун кумаки башардӯстона фиристодааст. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар додааст.

Ин ниҳод гуфтааст, ки ин кумак дар доираи иқдоми башардӯстонаи якчанд давлати узви Созмони исломии амнияти озуқаворӣ (IOFS) бо мақсади бартарафсозии мушкилоти шадиди норасоии ғизо дар Ғазза ирсол гардидааст.

Ин миқдори ёрии башардӯстонаро Тоҷикистон ҳамроҳ бо Қазоқистон, Озарбойҷон ва Бангладеш дар ҳамкорӣ бо як ташкилоти хайриявии Урдун равон кардаанд. Аммо мушаххас нест, чӣ қадари он ба Тоҷикистон таалуқ дорад.

Интизор меравад, ки корвони кумаки башардӯстона давоми ду рӯзи оянда ба гузаргоҳи сарҳади Карам Абу Салам расад.

Қарор аст ин кумак, ки барои бартараф ардани камбуди ғизои тақрибан 8 ҳазор оила пешбинӣ шудааст, аз тарафи Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ ва дигар ниҳодҳои ин созмон тақсим карда шавад.

Ёдрас мешавем, ки қаблан дар Тоҷикистон барои ёрӣ ба аҳолии осебдидаи Ғазза суратҳисоби ягона кушода шуда буд.

Ин суратҳисоб бо ташаббуси  ҷомеаи шаҳрвандӣ бо дастгирии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва КВД “Дипсервис”-и Тоҷикистон барои расонидани кумак ба мардуми осебдидаи Фаластин ба роҳ монда шуда буд.

Суратҳисоб замимаи “Алиф.моби”-и бонки "Алиф" ҷойгир шуда, дар он то моҳи апери соли 2024 беш аз 2,5 млн сомонӣ ҷамъоварӣ шуда буд. Маълум нест, ки маблағи ҷамъоварда билохира ба мардуми Ғаза расонида шуд ё не.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...