Вазорати фарҳанг дастурамали тавсиявии либосҳои миллӣ барои мардону занонро омода кардааст

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Аз Вазорати фарҳанг гуфтанд, ки дар кишвар дастурамали тавсиявии либосҳои миллии мардона ва занона омода кардаанд, ки аз 16 боб иборат аст ва ба зудӣ нашру дастраси аҳолӣ мешавад.

Хуршед Низомӣ, сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии вазорат ва таҳиягари ин китоб дар нишатси матбуотии имрӯза, 27-уми январ гуфт, ин дастурамал танҳо характери тавсиявӣ дорад.

Ӯ афзуд, ки дар ин китоб пӯшидани либос дар кӯча, дар рӯзҳои истироҳатӣ ва дар ҷашну маросим тавсия мешавад.

Бояд гуфт, ки манъи воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, инчунин, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо соли гузашта баҳсҳои зиёдро ба бор оварда буд.

Ин маҳдудият ҳам моҳи майи соли 2024 дар асоси моддаи 18-и Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” расман ҷорӣ шуд, вале масъулин истилоҳи “либоси бегона”-ро ба таври гуногун шарҳ доданд.

Пештар аз ин, вазири пешини фарҳанг Зулфия Давлатзода гуфта буд, дар мавриди дастурамали либосҳои тавсиявии мардони Тоҷикистон кор бурда истодаанд. Он ба куҷо расид маълум нест.

 

Фаъолияти блогерон тибқи қонун ба танзим медарояд

Ҳамчунин, дар нишаст Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанг дар посух ба саволи “Азия-Плюс” гуфт, барои ба танзим даровардани фаъолияти блогерон дар сатҳи қонун чораандешӣ мекунанд.

Ба гуфтаи вазир, ҳоло ба як қатор қонунҳои кишвар, ба вижа ба қонун “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” барои танзими фаъолияти блогерон тағйирот пешбинӣ шудааст.

Ба қавли Сатториён, мутахассисон талош доранд, ки фаъолияти блогеронро ба таври қонунӣ ба танзим дароваранд.

“Ҳамчунин, барои баланд бардоштани саводи расонаӣ ва баланд бардоштани савияи фарҳангии ҷомеа як қатор чораҳо андешида шуда истодааст. Фаҳми ҷомеа ҳам баланд шавад, худ аз худ муҳтавои паст ҳам аз байн меравад”, – илова кард вазири фарҳанг.

 

 “Фишанг” барои танзими фаъолияти сарояндагон

Дар идомаи нишаст, Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанг гуфт, барои ба танзим даровардани фаъолияти овозхононе, ки дар дастаҳои ҳунарӣ кор намекунанд, мустақилона тарона таҳия мекунанд ва аз беруни кишвар дар фазои тоҷикӣ ба нашр мерасонанд, “фишанге таҳия шуда истодааст”.

Ба қавли ӯ, ин фишанг “садди роҳи бенизомӣ дар таҳияи суруди мусиқӣ мешавад”. Вале ӯ дақиқ дар бораи ин “фишанг” шарҳе надод.

Бояд гуфт, ки чанд соли охир аҳли зиё ва фарҳангиёни тоҷик аз фаъолияти бенизоми блогерон ва сатҳи пасти сурудаҳои овозхонони ҷавони тоҷик нигаронӣ доранд ва аз масъулин хостори ба танзим даровардани ин вазъ шудаанд.

Дар нишасти матбуотии имрӯзаи вазорати фарҳанг боз кадом масъалаҳо баррасӣ шуд, дар ин гузориш хонед.  

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...