Норасоии кадрҳо, набудани идея ва “рӯйхати сиёҳ” дар ТВ. Раиси нави Кумитаи телевизион ва радио мушкилиҳои соҳаро гуфт

Носир Саид, раиси нави Кумитаи телевизион ва радиои кишвар имрӯз, 27-уми январ зимни нишасти матбуотӣ чанд мушкили асосии соҳаро гуфт. Ӯ ҳамчунин набудани “рӯйхати сиёҳ”-и сарояндагон, камчинии барномаҳои ҳаҷвӣ дар телевизионҳои кишвар ва ҳамкорӣ накардани театрҳоро бо телевизионҳо таъкид кард.   Норасоии кадр ва идея Роҳбари нави Кумитаи телевизион ва радио норасоии мутахассисони техникӣ аз […]

Шоираи Қудрат, "Asia-Plus"

Носир Саид, раиси нави Кумитаи телевизион ва радиои кишвар имрӯз, 27-уми январ зимни нишасти матбуотӣ чанд мушкили асосии соҳаро гуфт. Ӯ ҳамчунин набудани “рӯйхати сиёҳ”-и сарояндагон, камчинии барномаҳои ҳаҷвӣ дар телевизионҳои кишвар ва ҳамкорӣ накардани театрҳоро бо телевизионҳо таъкид кард.

 

Норасоии кадр ва идея

Роҳбари нави Кумитаи телевизион ва радио норасоии мутахассисони техникӣ аз ҷумла, наворбардор, садобардор, садогузор ва кам будани идеяҳои ҷолиб, ки ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ бошад, мушкили аслии соҳаи зери рорҳбариаш унвон кард. Ба гуфтаи ӯ, идеяҳои эҷодкорона, ки набзи бо зиндагӣ ҳамсон будани барномаҳоро таъмин кунанд, хеле каманд.

Носир Саид, ки чанд рӯз пеш ба ин вазифа таъин шуд, таъкид кард, ки ӯ барномаҳои телевизионҳоро омӯхта истодааст ва барои бартараф кардани камбуд ва роҳандозӣ кардани идеяҳои нав талош мекунад.

Ӯ дар бораи барномаҳои наве, ки дар телевизионҳо роҳандозӣ карданист, тафсилоти зиёд надод, танҳо гуфт, “баъдтар аз эфир хоҳед дид, ки кадом барномаҳои навро роҳандозӣ мекунем.”

 

“Ягон хел “рӯйхати сиёҳ” нест”

Ҳамчунин, Носир Саид гуфт, дар ин ниҳод барои маҳдуд кардани пахши суруди сарояндагон ягон “рӯйхати сиёҳ" вуҷуд надорад ва суруди ҳар сароянда, ҳатто дар хориҷ ҳам бошад, метавонад пахш шавад.

"Масалан, дар телевизиони "Сафина", ки ман қаблан роҳбари он будам, суруди тамоми сарояндагон пахш мешавад", – изҳор дошт ӯ.

Ба гуфтаи раиси нави Кумита, пахши суруди сарояндаҳо аз нафароне вобаста аст, ки барномаи фарҳангӣ таҳия мекунанд ва эҷодкорони барнома ҳуқуқи интихобро доранд ва касеро хоҳанд, интихоб мекунанд.

Дар Тоҷикистон чанд сол инҷониб сари мавҷуд будани “рӯйхати сиёҳ” барои пахши суруди овозхонони тоҷик баҳсҳо вуҷуд доранд. Сарояндагон низ аз мавҷуд будани “рӯйхати сиёҳ” нигаронӣ доранд, вале масъулин мегӯяд, “рӯйхати сиёҳ” вуҷуд надорад, пул диҳанд – минбар медиҳем”.

 

Ҳаҷвнигорҳо бо телевизионҳо ҳамкорӣ намекунанд

Дар ҳамин ҳол, роҳбари нави кумитаи телевизион кам будани барномаҳои ҳаҷвӣ дар телевизионҳоро тасдиқ кард ва гуфт, дар ин самт мушкил зиёд аст.

Ӯ яке аз мушкилиҳоро ҳамкорӣ накардани ҳаҷвнигорон бо телевизионҳо унвон кард ва илова намуд, ки “телевизионҳо омодаанд, ки бо ҳаҷвнигорони ҳирфаӣ ҳамкорӣ кунанд”.

Номбурда гуфт, ки барои намоиши саҳнаҳои ҳаҷвӣ маблағ лозим аст, вале нагуфт, ки кумита омода аст, ки барои ин маблағ диҳад ё не.

Собиқ раиси кумита соли 2023 дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки ҳаҷвнигорон аз онҳо маблағҳои “ҳангуфт” талаб кардаанд.

“Барои 3-4 барномаи ҳавҷӣ дар 1 моҳ аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ пешниҳод кардем. Онҳо розӣ нашуданд. Маблағҳои ҳангуфт аз мо талаб доранд, ки аз тавони Кумита боло аст”, – гуфта буд Нуриддин Саид.

Носир Саид гуфт, як муддат дар телевизиони "Сафина" барномаи ҳаҷвии "Шодиёна" бо иштироки ҳунармандони Суғд намоиш дода мешуд. Вале ҳоло он пахш намешавад. Сабабашро раиси пешини “Сафина” нагуфт.

Дар идома, Самандар Искандарзода, раиси телевизиони "Тоҷикистон" гуфт, ин шабака аллакай бо гурӯҳи ҳаҷвии "Лаҳзаҳои гуворо" шартнома бастааст ва аз ҳафтаи оянда саҳнаҳои ҳаҷвии онҳо нишон дода мешаванд.

Ҳамчунин ӯ илова кард, ки бо маҳфили "Зарифон" низ корро оғоз мекунанд.

 

Ҳамкорӣ накардани театрҳо бо телевизионҳо

Носир Саид дар робита ба пахш нашудани намоишномаҳои театрӣ дар телевизионҳоро  тасдиқ карда, мушкилро ба ризоият надодани театрҳо барои сабти намоишномаҳояшон рабт дод.

“Мушкил аз ҷониби кумита ва шабакаҳо нест, мушкил аз ҷониби роҳбарияти театрҳо аст”, – гуфт ӯ.

Ӯ зикр кард, ки борҳо кӯшиш кардаанд, ки намоишномаҳоро сабт карда, дар телевизионҳо намоиш диҳанд, аммо тетарҳо иҷоза надодаанд. Танҳо бо Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҳамкорӣ доштаанд, ки то ҳол дар телевизион намоишномаҳояшонро пахш мекунанд.

Аз театрҳо сабаби иҷоза надодани намоишҳоро ба кам шудани тамошобинонашон рабт додаанд.

“Мо интизор меистем, ки боз кай иҷозат мешавад, ки мо равему намоиши театрҳоро сабт кунем. Шабакаҳои фарҳангӣ гушнаю ташнаи эҷодиёти ҳунармандони театранд. Буданд баъзҳе ҳолатҳое, ки муваффақ шудем. Аммо боз интизор меистем, ки кай театрҳо иҷоза медиҳанду мо рафта сабт кунем”, – афзуд раиси кумита.

Ӯ гуфт, аз озмуни “Парасту”, ки имсол дар кишвар доир мешавад, интизориҳои зиёд дорад ва умедвор аст, ки барои сабти чандин намоишномаҳои театрӣ муваффақ мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.