Ҳамаи мусофирону сарнишинони ҳавопаймо ва чархболе, ки дар Вашингтон ба ҳам бархӯрданд, ба ҳалокат расидаанд

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба садамаи як ҳавопаймо бо чархбол ва марги даҳҳо мусофиру сарнишин он дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) ба Доналд Трамп барқияи изҳори тасаллӣ ирсол кардааст.

Дар матни барқияи тасаллие, ки Эмомалӣ Раҳмон ба Доналд Трамп  фиристод, аз ҷумла омадааст, ки “хабари фоҷеабори талафоти зиёди ҷонӣ  бар асари садама ва суқути ҳавопаймои мусофирбар ва чархболи низомӣ дар фазои Вашингтон боиси андӯҳи амиқи мо гардид”.

“Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ба Шумо ва пайвандону наздикони фавтидагон таъзияву таслияти самимии инҷонибро иброз менамоям, – гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳавопаймои "American Airlines" бо 60 мусофир ва 4 ҳайати сарнишин шоми 29-уми январи соли равон дар наздикии Фурудгоҳи миллии Роналд Рейган дар Вашингтон ба чархболи "Black Hawk"-и артиши Амрико, ки ҳомили се сарбоз буд, бархӯрд. Ҳавопаймо ва чархбол ҳарду ба дарё афтоданд.

Доналд Трамп дирӯз, 30-юми январ дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки ҳамаи мусофирону сарнишини ҳавопаймо ва чархбол ҷон бохтанд. Дар ин бора Медуза бо такя ба “NBC News” хабар медиҳад.

"Акнун вазифаи ниҳодҳои масъул, пайдо кардани ҷасадҳо аст, зеро касе зинда намондааст", – гуфт ӯ.

Шабакаи телевизионии “CNN” шоми дирӯз, 30-юми январ ба вақти Амрико, ба нақл аз чандин манбаи огоҳ гузориш дод, ки то кунун ҷасадҳои беш аз 40 нафар аз ҷонбохтагони ин ҳодиса аз дарёи Потомак пайдо шудааст.

Иттиҳодияи ҷаҳонии бозиҳои рӯи яхи ИМА хабар додааст, ки дар ҳавопаймо чанд нафар бозигарони рӯи ях, мураббиён ва аъзои оилаҳои онҳо буданд, ки аз Лагери миллии рушд, бахшида ба чемпионати ИМА оид ба бозиҳои рӯйи ях дар шаҳри Уичито (иёлати Канзас) бармегаштанд, менависад Би-Би-Си.

То ҳол ҳадсу гумон дар бораи сабабҳои ҳодиса зиёд аст.

Зимнан, Доналд Трамп пас аз суқути ҳавопаймо ошкоро суол гузошт, ки чӣ гуна чунин бархӯрд имконпазир шуд.

«Ҳавопаймо аз рӯи масири комил ва маъмулӣ барои фуруд дар фурудгоҳ парвоз мекард. Чархбол тӯли муддати зиёд мустақиман ба самти ҳавопаймо ҳаракат мекард. Шаби равшан буд, чароғҳои ҳавопаймо фурӯзон буданд. Чаро чархбол боло ё поён нарафт ё самти худро тағйир надод? Чаро бурҷи назоратӣ ба чархбол нагуфт, ки чӣ бояд кунад, балки танҳо пурсид, ки оё онҳо ҳавопайморо мебинанд? Ин як вазъияти бад аст, ки ба назар мерасад, бояд пешгирӣ мешуд», – навиштааст Трамп дар шабакаи иҷтимоии “Truth Social”.

Тибқи сабти аудиои гуфтугӯҳо, ки дар вебсайти Live ATC нашр шудааст, диспетчерҳо аз халабони чархбол посух нагирифтанд, ки оё ӯ ҳавопаймои мусофирбарии “American Airlines”-ро мебинад.

Фармондори аёлати Канзас гуфтааст, ки интизор меравад рӯйхати мусофирони ҳавопаймо то нимаи рӯзи ҷумъа нашр шавад.

Интизор меравад, гузориши ибтидоиро давоми 30 рӯз омода кунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон устуворона дар зинаи охир миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад (ГРАФИКАҲО)

Тоҷикистон аз рӯйи ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулои дохилӣ (ММД)-и номиналӣ  тайи се сол аст, ки пайдарпай дар зинаи охир миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад. Бино...

wdsdwdfsad

safsfsfsfsdf

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.