Нигаронии додситони минтақаи Кӯлоб аз афзоиши чашмраси худкушӣ ва сӯиқасд ба он дар минтақа

Соли 2024 дар минтақаи Кӯлоб 57 ҳодисаи худкушӣ ва сӯиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2023-юм 21 ҳолат зиёд мебошад. Ҳамзаалӣ Музофиров, додситони минтақаи Кӯлоб зимни нишасти матбуотии рӯзи 28-уми январ гуфт, ки афзоиши худкушӣ дар шаҳру навоҳии Кӯлоб, Данғара, Ҳамадонӣ, Фархор, Муъминобод ва Темурмалик нигаронкунанда аст.  Ба иттилои ӯ, соли 2024 дар шаҳру навоҳии Кӯлоб […]

Билоли Шамс, Asia-Plus

Соли 2024 дар минтақаи Кӯлоб 57 ҳодисаи худкушӣ ва сӯиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2023-юм 21 ҳолат зиёд мебошад.

Ҳамзаалӣ Музофиров, додситони минтақаи Кӯлоб зимни нишасти матбуотии рӯзи 28-уми январ гуфт, ки афзоиши худкушӣ дар шаҳру навоҳии Кӯлоб, Данғара, Ҳамадонӣ, Фархор, Муъминобод ва Темурмалик нигаронкунанда аст. 

Ба иттилои ӯ, соли 2024 дар шаҳру навоҳии Кӯлоб 14 ҳолат (7 ҳолат дар соли 2023), Данғара 14 (9 ҳолат дар соли 2023), Ҳамадонӣ 7 (3 ҳолат дар соли 2023), Фархор 6 (3 ҳолат дар соли 2023), Муъминобод 5 (1 ҳолат дар соли 2023), Восеъ 4 (6 ҳолат дар соли 2023), Темурмалик 4 (2 ҳолат дар соли 2023), Шамсиддин Шоҳин 1 (1 ҳолат дар соли 2023) ва Балҷувон 1 (3 ҳолат дар соли 2023) ҳолати худкушӣ сабт шудааст.

Ба гуфтаи додситон, “омилҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва равонӣ” омилҳои асосии худкушӣ мебошад.

Тибқи иттилои додситонӣ, дар робита ба ин ҳолатҳо 5 парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (ба худкушӣ расонидан) боз шудааст. Маълум нест, ки дар доираи ин парвандаҳо чанд нафар ҷазо гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки дар нимсолаи аввали соли 2024 дар кишвар 222 ҳодисаи худкушӣ ва суиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст, ки 11 ҳолат бештар нисбат ба ҳаимн давраи соли 2023 аст.

Сабабҳои даст ба худкушӣ задан бемориҳои рӯҳӣ, шароити вазнини моддӣ ва муноқишаҳои оилавӣ унвон мешаванд.

Дар ҳодисаҳои худкушӣ бештари ҳолатҳо ба ҳолатҳои худро ба дор овехтан (179 ҳолат), заҳролушавӣ, ғарқшавӣ ва дигар тарзҳо ба қайд гирифта шудааст.

Омори 5 солаи худкушӣ ва сабабу омилҳои онро дар маводи "Чаро мардон бештар худкушӣ мекунанд?" хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.