Вазир гуфт, дар мактабҳо 281 омӯзгор намерасад ва соҳа ба беш аз 4 ҳазор муаллим эҳтиёҷ дорад

Дар мактабҳои Тоҷикистон ҳоло 281 омӯзгор намерасад ва соҳаи маорифи кишвар ба 4 ҳазору 301 нафар муаллим эҳтиёҷ дорад, ки ин 46 нафар камтар нисбат ба соли таҳсили 2023-2024 аст. Дар ин бора Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ хабар дод. Вазир гуфт, ки норасоии омӯзгорон бештар дар макатбҳои шаҳру навоҳии тобеи […]

Asia-Plus

Дар мактабҳои Тоҷикистон ҳоло 281 омӯзгор намерасад ва соҳаи маорифи кишвар ба 4 ҳазору 301 нафар муаллим эҳтиёҷ дорад, ки ин 46 нафар камтар нисбат ба соли таҳсили 2023-2024 аст. Дар ин бора Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Вазир гуфт, ки норасоии омӯзгорон бештар дар макатбҳои шаҳру навоҳии тобеи марказ ба назар мерасад.

Ба иттилои ӯ, дар шаҳри Душанбе ва ВМКБ норасоии кадрӣ умуман ба назар намерасад. Вале дар вилояти Хатлон 65, дар вилояти Суғд 2 ва дар шаҳру навоҳии тобеи марказ 184 омӯзгор намерасад.

Бояд гуфт, ки тақсими норасоии кадрӣ ба минтақаҳо ба омори умумии пешниҳодкардаи вазир мутобиқат намекунад. Яъне агар дар маҷмуъ 281 омӯзгор нарасад, шумораи умумии омори минтақаҳо 251 нафар мебарояд. 30 омӯзгори дагир дар кадом минтақаҳо намерасад, маълум нест.

Дертар аз Вазорати маориф ба "Азия-Плюс" шарҳ доданд, ки дар иттилоияи ин ниҳод ғалат шудааст. Дар вилояти Хатлон на 65, балки 95 омӯзгор намерасад.

Дар нишасти матбуотии тобистони соли гузашта ҳам дар робита ба омори эҳтиёҷи омӯзгорон вазир гуфта буд, ки соҳа ба 4 ҳазору 301 кадри омӯзгорӣ эҳтиёҷ дорад, ки ин нисбат ба соли гузашта 46 нафар кам аст. Ӯ илова карда буд, ки ба ҳолати нимсолаи аввали соли ҷорӣ, яъне пас аз анҷоми соли хониши 2023-2024, 2670 омӯзгор намерасад.

Он замон вазорати маориф фарқи эҳтиёҷ ва норасоии омӯзгоронро шарҳ дода буд, ки норасоӣ ин набудани омӯзгорон дар фанҳои мушаххас аст, вале эҳтиёҷ ин масалан, омӯзгоне, ки ба нафақа мераванд ва ё дар робита ба таваллуди фарзанд ба рухсатӣ мераванд, вале дарси онҳоро муаллимони дигар мегузаранд.

Раҳим Саидзода дар нишасти матбуотии моҳи феврали соли гузашта гуфта буд, ки дар оғози соли 2024 дар мактабҳои шаҳру навоҳии Тоҷикистон ҳудуди 300 омӯзгор намерасад.

Раҳим Саидзода дар нишасти имрӯза, 30-юми январи соли равон илова кард, ки барои бартараф кардани мушкили норасоии омӯзгорон аз ҳисоби донишҷӯёни курсҳои 4 ва 5-ум 1957 нафар ба мактабҳо ҷалб шудаанд.

Ба иттилои вазорат, дар соли 2024 донишгоҳҳои олии касбии кишварро 13 ҳазор ва донишгоҳҳои миёнаи касбиро 3 ҳазор нафар бо ихтисоси омӯзгорӣ хатм кардаанд. Аммо танҳо 10 ҳазору 240 нафар ё 64% ба мактабҳо ҳозир ва бо кор таъмин шудаанд. 5 ҳазору 760 нафари дигар ё 36% ба мактабҳо барои кор ҳозир нашудаанд.

Вазир гуфт, нисбати нафароне, ки буҷавӣ таҳсил карданд, вале барои кор ба мактабҳо наомаданд, донишгоҳҳо ба додгоҳ муроҷиат мекунанд, то онҳо маблағи таҳсилро пардозанд.

Мушкили норасоии омӯзгорон дар Тоҷикистон солҳо боз доғ боқӣ мемонад. Омӯзгорон аз маоши кам, сарбории зиёд, инчунин ҷалб шудан ба корҳои берун аз дарсӣ нигаронӣ мекунанд. Мақомот борҳо ваъда дода буданд, ки ин мушкилро дар солҳои наздик бартараф мекунанд, вале то ҳанӯз муваффақ нашудаанд.

Сабабҳои тарки пеша кардани омӯзгоронро дар ин матлаб хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.