Раҳим Саидзода: Дар Тоҷикистон 2 ҳазору 670 омӯзгор намерасад

Дар Тоҷикистон ба ҳолати нимсолаи аввали соли ҷорӣ, яъне пас аз анҷоми соли хониши 2023-2024, 2670 омӯзгор намерасад. Дар ин бора Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми кишвар иттилоъ дод. Ӯ имрӯз, 26-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, омори норасоии омӯзгорон пас аз анҷоми соли хониши сипаришуда ҳисоб гардидааст ва баъди оғози соли хониши оянда метавонад тағйир […]

Asia-Plus

Дар Тоҷикистон ба ҳолати нимсолаи аввали соли ҷорӣ, яъне пас аз анҷоми соли хониши 2023-2024, 2670 омӯзгор намерасад. Дар ин бора Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми кишвар иттилоъ дод.

Ӯ имрӯз, 26-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, омори норасоии омӯзгорон пас аз анҷоми соли хониши сипаришуда ҳисоб гардидааст ва баъди оғози соли хониши оянда метавонад тағйир ёбад.

“Бо мақсади бартараф намудани норасоии омӯгорон 2 ҳазору 170 нафар донишҷӯ дар мувофиқа бо ҳукумати Тоҷикистон ба муассисаҳои таълимӣ сафарбар карда шудаанд. Ҳамаи онҳо ба ҷойи кори муваққатӣ ҳозир шудаанд”, – гуфт Раҳим Саидзода.

Бояд гуфт, оғози соли ҷорӣ, дар мактабҳои Тоҷикистон норасоии омӯзгорон ба маротиб камтар буд. Он замон Раҳим Саидзода гуфта буд, ки дар мактабҳои шаҳру навоҳии Тоҷикистон ҳудуди 300 омӯзгор намерасад. Ӯ зикр карда буд, ки беш аз 1,5 ҳазор омӯзгор, ки аз кор рафта буданд, дубора ба кор баргаштаанд.

Ҳамчунин, тибқи иттилои ахири вазири маориф ва илми кишвар, ҳоло дар Тоҷикистон ба 4 ҳазору 301 кадри омӯзгорӣ эҳтиёҷ аст, ки ин нисбат ба соли гузашта 46 нафар кам аст.

“Ин маълумот охири соли хониши гузашта аз ҷониби шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ба вазорат пешниҳод шудааст. Ҳар сол вобаста ба соли хониши нав аз ҷониби шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо дархост мегирем ҷиҳати норасоии омӯзгорон. Омӯзгоне ҳастанд, ки ба нафақа мераванд, дар робита ба таваллуди фарзанд ба рухсатӣ мераванд. Бо назардошти ин, эҳтиёҷот ба омӯзгорон муайян карда мешавад”, – гуфт Раҳим Саидзода.

Ба иттилои вазири маориф ва илми кишвар, соли ҷорӣ зиёда аз 16 ҳазор нафар самти омӯзгориро хатм мекунанд. Аз ин теъдод, тахминан 5 ҳазору 418 нафар ба таври буҷавӣ таҳсил мекунанд. Яъне, онҳое, ки тариқи буҷавӣ таҳсил мекунанд, ҳатман роҳхат мегиранд барои фаъолият чун омӯзгор.

Дар бораи яке аз сабабҳои тарки пеша кардани омӯзгорон метавонед  аз матлаби “Омӯзгорон дар Тоҷикистон корро тарк мекунанд. Сабаб қабули қонун дар бораи таълиму тарбияи кӯдакон аст?” маълумоти бештар гиред.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.