Ҷавоне, ки ба муфтии Тоҷикистон ҳамла карда буд, ба “ифротгароӣ” муттаҳам мешавад

Нафаре, ки ба Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон бо корд ҳамла карда буд, ба ифротгароӣ муттаҳам мешавад. Дар ин бора худи муфтии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ба рӯзноманигорон иттилоъ дод. Муфтии кишвар гуфт, ки аллакай парванда ба додгоҳ ирсол ва мурофиаи аввалин баргузор шуд. “Ман гуфтам, ки […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Нафаре, ки ба Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон бо корд ҳамла карда буд, ба ифротгароӣ муттаҳам мешавад. Дар ин бора худи муфтии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Муфтии кишвар гуфт, ки аллакай парванда ба додгоҳ ирсол ва мурофиаи аввалин баргузор шуд.

“Ман гуфтам, ки Худо ҳидояташ кунад. Ҳоло суд идома дорад. Давраи аввали суд даъват шудам, ман ҳамон рӯзҳо банд будам, рафта натавонистам, намояндаи худро равон кардам. Намоянда гуфт, ки хеле мегирист ва пушаймон буд. Мегуфт, ки манро васвос карданд, таҳрик доданд, гумроҳ карданд, ман нафаҳмидам, ки чӣ кор кардам. Гуфтааст, ки аз номи ман аз ҳазрати муфтӣ узр бихоҳед, бисёр пушаймонам. То ҳол бо ӯ дидор надоштам”, – гуфт Абдулқодирзода.

Ӯ дар посух ба саволи батакрори рӯзноманигорон дар бораи бо кадом модда гумонбар шудани ҳамлагар кӯтоҳ гуфт, ҷинояте аст, ки “аз ҷониби гурӯҳи ифротӣ” содир шудааст.

Бояд гуфт, ки рӯзи 11-уми сентябр наздикии шом як шахси ношинос дар назди масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба Саидмукаррам Абдулқодирзода ҳамла кард, ки дар натиҷа муфтии кишвар дар пешониаш захм бардошт.

Вазорати корҳои дохилӣ он замон гуфт, як нафар аз ҳиссиёти авбошӣ бо корд ба муфтӣ ҳамла карда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кард ва бар зидди ӯ “парвандаи ҷиноятӣ” боз кардаанд. Аммо ному насаби он ҷавонро зикр накард ва нагуфт, ки бар зидди ӯ бо кадом модда парванда боз шудааст.

Абдулқодирзода бо гузашти бештар аз як моҳ, рӯзи 17-уми октябр, ҳодисаро шарҳ дода, дар бораи ин ҷавон гуфта буд, “он ҷавон яке аз ифротгароён буд”.

“Як гурӯҳ, як маҷмӯа, ҷавонони камсаводи каҷфаҳм. Гӯё, ки хидмати ислом кардаанд. Ҳамин гурӯҳҳои тундрав, аслашонро бубинед, мусалмон нестанд. Инҳоро ба воситаи интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ даъват мекунанд. Ҳамон одамҳоеро, ки инҳоро даъват кардаанду роҳнамоӣ кардаанду инҳо анҷом додаанду ё ки маблағҳои муайяне ваъда кардаанд, аслан аз пеш надидаанд”, -илова мекунад раиси Шӯрои уламои кишвар.

Ӯ низ ҳувияти ҷавони ҳамлаварро ошкор накарда буд.

Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон то ҳол аз ҷараёни тафтиши ин ҳамла ва раванди баррасии парванда маълумоти иловагие ироа накардааст.

Ёдовар мешавем, ки Саидмукаррам Абдулқодирзодаи 61-сола аз моҳи октябри соли 2010 раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон аст ва дар мавъизаҳои худ ҳамеша аз пешгирии ифротгароӣ, фирефтаи гурӯҳҳои ифротгаро нашудани ҷавонон суҳбат мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.