Масъулони Кумитаи ҳифзи муҳити зист иддао доранд, ки соли гузашта ҳаво тозатар шудааст

  Таркиби ҳаво дар Тоҷикистон соли гузашта нисбат ба соли 2023 тақрибан то 50% тозатар шудааст. Дар ин бора зимни нишасти хабарии Кумитаи ҳифзи муҳити зист иттилоъ дода шуд. Ба гуфтаи Сангин Самиев, як масъули Оҷонсии обуҳавошиносии Кумита, дар соли 2023-юм 35 маротиба хокбориш дар кишвар ба қайд гирифта шудааст. Соли 2024 чунин ҳолат танҳо 14 маротиба […]

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

 

Таркиби ҳаво дар Тоҷикистон соли гузашта нисбат ба соли 2023 тақрибан то 50% тозатар шудааст. Дар ин бора зимни нишасти хабарии Кумитаи ҳифзи муҳити зист иттилоъ дода шуд.

Ба гуфтаи Сангин Самиев, як масъули Оҷонсии обуҳавошиносии Кумита, дар соли 2023-юм 35 маротиба хокбориш дар кишвар ба қайд гирифта шудааст. Соли 2024 чунин ҳолат танҳо 14 маротиба сабт шудааст, ки нисбат ба ду соли пеш 61,1% камтар аст.

“Яъне ҳаво дар кишвар тозатар шудааст. Танҳо дар охири соли 2024, тақрибан аз 17 то 20 декабр ҳаво якбора сард шуд ва ба вуҷуд омадани инверсияи ҳароратӣ сабаби як муддат ифлосшавии он гардид” – илова намуд мутахассис.

Ба иттилои манбаъ, мувофиқи радабандии як ширкати ҳиндустонӣ (нафари масъул номи ширкатро ба хотир наовард, мо низ онро пайдо карда натавонестем), соли 2023 Тоҷикистон дар рейтинги ифлосшавии ҳаво дар ҷойи чорум буд, соли гузашта бошад, он дар ҷойи нуҳум қарор гирифт. 

“Ин худ далели тозашаавии ҳаво аст” – гуфт Самиев. 

Ҳамчунин, гуфта шуд, ин тағйирот ба чанд омил вобаста аст. Аз ҷумла, кабудизоркунии муҳит, азнавсозии роҳҳо, ки “партови газҳоро ба атмосфера кам мекунад” ва зиёд гардидани электромобилу электробусҳо дар кишвар.

“Дар оянда кам шудани тамбашавии нақлиёт низ метавонад сабаби тозашавии ҳаво гардад. Дар ин ҳол, сохтани гузаргоҳҳои рӯйизаминӣ ё овеза мувофиқи мақсад аст” – гуфт Сангин Самиев.

 

Гузоришҳо оид ба ифлосии ҳаво ғалат аст?

Дар ҳамин ҳол, масъулони Кумита аз гузоришҳо дар бораи сифати ҳаво, ки аз ҷониби созмонҳои ҷаҳонӣ нашр мешаванд, норозигӣ кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, маълумоти ин ташкилот воқеиятро нишон намедиҳанд.

“Ҳавосанҷҳое, ки сифати ҳаворо нишон медиҳанд, танҳо ҳудуди аз 25 то 75 метрро фаро мегиранд, аз ин рӯ онҳо сифати ҳаворо ҳаргуна баҳо медиҳанд…Ширкатҳои ҳавосанҷ танҳо аз рӯйи маълумоти 2-3 шаҳр сифати ҳавои умумии кишварро мебароранд.  Масалан, як ҳавосанҷи Сафорати Амрико дар минтақаи Корхонаи нассоҷии Душанбе, дар наздикии Маркази барқу гармдиҳии 1 воқеъ аст, ки сифати ҳаво дар ин минтақа, албатта, паст аст” – гуфт Самиев.

Ба ҳайси манбаи боэътимоди маълумот Самиев сомонаи Агентии обуҳавошиносиро, ки он ҷо ҳамарӯза маълумот дар бораи сифати ҳаво нашр мешавад, тавсия дод. 

Ҳамаи ин дар ҳолест, ки аҳолии кишвар, махсусан сокинони пойтахт, чанд соли охир аз ифлосии ҳаво шикоят доранд. Мутахассисон сохтмони биноҳои баландошёна, ки гардиши ҳаворо маҳдуд мекунад, афзоиши нақлиёт ва буридани дарахтони куҳансолро омилҳои асосии ифлосшавии ҳавои пойтахт медонанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.