Муаррифии китобҳои насли нав. Аз китобҳои оддӣ чӣ тафовут доранд ва нархашон чанд аст?

Имрӯз, 31-уми январ Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми кишвар зимни нишасти матбуотӣ китобҳои насли навро муаррифӣ кард, ки ба гуфтааш, аз китобҳои оддӣ "бартарияти зиёд дорад". Ин китобҳо аз соли нави хониши 2025-2026 дастраси хонандагон мешавад. Ӯ дар ҳузури рӯзноманигорон гуфт, аллакай 18 номгӯи китобҳои насли нав таҳия шуда, то имрӯз 1 миллиону 500 ҳазор […]

Шоираи Қудрат, Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

Имрӯз, 31-уми январ Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми кишвар зимни нишасти матбуотӣ китобҳои насли навро муаррифӣ кард, ки ба гуфтааш, аз китобҳои оддӣ "бартарияти зиёд дорад". Ин китобҳо аз соли нави хониши 2025-2026 дастраси хонандагон мешавад.

Ӯ дар ҳузури рӯзноманигорон гуфт, аллакай 18 номгӯи китобҳои насли нав таҳия шуда, то имрӯз 1 миллиону 500 ҳазор нусха нашр ва ба мактабҳо тақсим шудааст. Ба иттилои вай, 35 номгӯйи дигар дар раванди таҳия қарор дорад.

Ба гуфтаи вазир, ин китобҳо аз китобҳои муқаррарӣ чанд бартарият доранд.

“Масалан, барои фанҳои математика ва забони тоҷикӣ дар баробари китоби дарсӣ, дафтари дарсии алоҳида низ таҳия шудааст, ки машқҳо алоҳида дода шудаанд ва хонанда дар он метавонад машқу супоришҳоро иҷро кунад”, – шарҳ дод Раҳим Саидзода.

Китобҳо аз китобҳои маъмулӣ андозаи каме калонтар доранд. Бартарияти дигари онҳо дастрасии садо ва навор тавассути QR рамзҳо гуфта шуд.

“Масалан, дар китоби дарсии забони русӣ барои синфи 2 баъди навиштаи “слушай и повторяй вслед за диктор” QR рамз гузошта шудааст. Вақте ба ин рамзҳо ворид мешавед, он ҷо ба садо дастрасӣ пайдо мекунед, ки хонанда метавонад тарзи талаффузро низ омӯзад. Ин барои хонандаи имрӯзи мо бисёр зарурат дорад”, – тавзеҳ дод вазир.

Айни замон барои синфи 2 китоби забони русӣ ва барои синфи 3 китоби забони англисӣ дар чунин шакл таҳия шудааст.

“Тасмим гирифтем, ки ҳамин гуна китобҳоро барои хонандагони синфҳои 3, 4 ва 5 ҳам таҳия ва пешниҳод кунем”, – гуфт ӯ.

Наврӯз Мирзо, директори маркази таҳияи китобҳои маориф гуфт, минбаъд барои як қатор фанҳо, аз ҷумла фанҳои риёзӣ видео низ ҷой дода мешавад.

Ба иттилои вазир барои амалӣ кардани ин иқдом вазорат шарикон ва маблағ дарёфт кардааст. Арзиши китобҳо аз китобҳои маъмулӣ он қадар фарқ надорад.

“Масалан, арзиши умумии китоби русӣ 19 сомонӣ аст ва барои се сол агар тақсим кунем, иҷораи яксолаи он ҳамагӣ бештар аз 6 сомон мешавад. Нархи “Дафтари хонанда” бошад, 12 сомон буда, якдафъаина аст ва фурӯхта мешавад”, – гуфт  Наврӯз Мирзо.

Ӯ илова кард, “азбаски ин дафтарҳо ранга ва бо сифати байналмилалӣ нашр шудаанд, каме гарон аст. Дар оянда ин дафтарҳоро дар шакли сиёҳу сафед нашр карданианд, ки нархаш ҳам арзонтар мешавад”.

 

Дар мактаб истифодаи телефони мобилӣ манъ аст. Чӣ гуна аз QR рамз метавон истифода кард?

Ба ин суоли хабарнигорон вазир посух дод, ки қисмати асосии он маводе, ки тариқи QR рамз пешниҳод шудааст, асосан машкҳои вазифаи хонагиро дарбар мегирад.

Ӯ ҳамчунин аз падару модарон хоҳиш кард, ки ба фарзандони худ барои истифода аз ин усул кӯмак кунанд.

Бояд гуфт, ба иттилои вазорат, дар соли 2024-ум 4 миллиону 617 ҳазору 946 нусха адабиёти таълимиву методӣ нашр шудааст.

Соли гузашта ба мактабҳои ҷумҳурӣ дар умум 5 миллиону 14 ҳазору 464 нусха китоби дарсӣ, бадеӣ ва маводи таълимӣ дастрас шудааст, ки танҳо 4 миллиону 617 ҳазору 946 нусхааш танҳо китоби дарсӣ будааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.