Пардохти маблағ барои нобудсозии автомобил. Пешниҳод шудааст, ки ҷамъоварии маблағ аз зиммаи БДА гирифта шавад

  Тартиби пардохти маблағ барои нобудсозии автомобил, ки дар Тоҷикистион соли гузашта ҷорӣ гардид, метавонад тағйир ёбад. То ин лаҳза масъули ҷамъоварии ин маблағ Бозрасии давлатии автомобилии ВКД муқаррар шуда буд. Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 12-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки пешниҳоди бозбинии тартиби пардохти маблағ барои нобудсозии […]

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

 

Тартиби пардохти маблағ барои нобудсозии автомобил, ки дар Тоҷикистион соли гузашта ҷорӣ гардид, метавонад тағйир ёбад. То ин лаҳза масъули ҷамъоварии ин маблағ Бозрасии давлатии автомобилии ВКД муқаррар шуда буд.

Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 12-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки пешниҳоди бозбинии тартиби пардохти маблағ барои нобудсозии автомобил дар Тоҷикистон а ҳукумат ироа шудааст. Аммо ӯ нагуфт, ки ин пешниҳодӣ кӣ аст.

Каримзода гуфт, пешниҳод шудааст, ки ин маблағ ҳангоми воридоти автомобил ситонида шавад, на дар вақти бақайдгирии он. Яъне, дар ҳолати қабули ин тағйирот, масъулияти ҷамъоварии ин маблағ аз БДА ба Хадамоти гумрук мегузарад.

Зикр гардид, ки яке аз сабабҳои пешниҳоди мазкур, афзоиши воридоти автомобил ба кишвар будааст.

“Новобаста аз маҳдудиятҳои ҷоришуда, то ҳол воридоти автомобилҳои пеш дар истифодабуда, махсусан мошинҳои ба садама дучоршуда, ки таъмири рӯякӣ шуда, дар ҷумҳурӣ бо нархи арзон фурӯхта мешаванд, зиёд аст”, – шарҳ дод Каримзода.

Арзиши нобудсозӣ зиёд ва ё баръакс кам карда мешавад, дар Хадамот мушаххас нагуфтанд. Дар соли 2024 ин маблағ, вобаста ба навъи автомобил, аз 360 то 2880 сомониро ташкил медод.

Бояд гуфт, пардохти ҳатмии маблағ барои нобудсозии автомобил дар Тоҷикистон соли гузашта ҷорӣ шуд  шуд ва тибқи муқаррарот он барои як автомобил танҳо як маротиба ситонида мешавад.

 

Воридоти автомобил кам шуд?

Дар идомаи нишаст Хуршед Каримзода гуфт, воридоти электромобил бештар, вале воридоти автомобил дар умум кам шудааст. Тибқи омори пешниҳодшуда, давоми соли гузашта 46 ҳазору 942 автомобил ба мабалғи умумии 521,1 млн доллар ворид гардидааст, ки ин нисбат ба ду соли пеш 31 ҳазор автомобил камтар аст.

Ба ақидаи сардори Хадамот, ин ба манъи воридоти автомобилҳои соли баромадашон то 2013 алоқаманд аст.

Дар соли 2024 ба ҷумҳурӣ наздики 18 ҳазор электромобил ба маблағи 256,4 млн доллар ворид шудааст. Воридкунандагони электромобилҳо аз пардохти зиёда аз 95 миллион доллар озод шудаанд. 

Дар умум, воридоти автомобилҳои барқӣ дар соли 2024 дар қиёс ба соли 2023 қариб 5 баробар афзудааст. 

Хуршед Каримзода дар посух ба саволи рӯзноманигорон оид ба эҳтимоли бекор шудани имтиёзҳо барои вориднамоии электромобил гуфт, “дар сатҳи ҳукумат ин масъала баррасӣ нашудааст”.

“Аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дар талабнома барои пешниҳод кардани маблағҳои қарзӣ кам кардани ҳаҷми баъзе имтиёзҳо тавсия дода шудааст, вале бекор кардани имтиёзҳо маҳз барои воридоти электромобил баррасӣ нашудааст” – гуфт ӯ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.