Ҷинояткорӣ миёни наврасону ҷавонон дар Тоҷикистон афзудааст

Asia-Plus

Зимни нишасти матбуотии рӯзи 13 феврал вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода изҳор дошт, ки соли 2024 дар Тоҷикистон 665 ҷинояти аз ҷониби ноболиғон содиршуда (соли 203 – 555 ҷинят) ва 3194 ҷинояти аз ҷониби ҷавонон содиргардида (соли 2023 – 3020 ҷиноят) ба қайд гирифта шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, нисбати волидоне, ки уҳдадориҳои худро оид ба таълиму тарбияи кӯдакон иҷро накардаанд ва нисбати шахсони мансабдори муассисаҳои таълимӣ 28 ҳазору 236 парванда дар бораи қонуншиканиҳои маъмурӣ (соли 2023 – 13991 парванда) тартиб дода шудааст.

Зикр шуд, ки ҳамаи парвандаҳо ҷиҳати андешидани тадбирҳои маъмурӣ ба додгоҳҳои шаҳру навозии ҷумҳурӣ фиристода шудаанд.

Ҳамчунин вазир хабар дод, ки дар робита ба риоя нашудани қонун дар бораи танзими ҷашну маросимҳо 1228 далел (соли 2023 – 533 далел) ба қайд гирифта шудааст, ки вобаста ба ин далелҳо парвандаҳои маъмурӣ оғоз шудаанд.

Бино ба маълумоти вазир, соли 2024 дар натиҷаи 1233 ҳодисаҳои садамаи нақлиёт (соли 2023 – 1111 ҳодиса) 552 нафар (соли 2023 – 519 нафар) ҳалок ва боз 1353 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.

Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта дар ҷумҳурӣ 1775 ҳодисаҳои сӯхтор (соли 2023 – 1269 ҳодиса) ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 17 нафар (соли 2023 – 23 нафар), аз ҷумла 11 нафар ноболиғон ҳалок шудаанд. Маблағи зиён аз онҳо 43 млн 822 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...