Ҳукуматҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маорифу илм ва мудофиа. Агентии зиддифасод фасодзадатарин ниҳодҳоро эълон кард

Зарари молиявии бештар давоми соли гузашта дар сохтори Вазорати мудофиаи кишвар ошкор шудааст: 122,7 миллион сомонӣ. Дар ин бора Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия имрӯз, 14-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ӯ гуфт, дар соли 2024 кормандони ниҳоди зери роҳбарияш дар умум зарари молиявиро ба маблағи 425,7 миллион сомонӣ […]

Asia-Plus

Зарари молиявии бештар давоми соли гузашта дар сохтори Вазорати мудофиаи кишвар ошкор шудааст: 122,7 миллион сомонӣ.

Дар ин бора Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия имрӯз, 14-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, дар соли 2024 кормандони ниҳоди зери роҳбарияш дар умум зарари молиявиро ба маблағи 425,7 миллион сомонӣ ошкор кардаанд. Аз ин маблағ 411,9 миллион сомонӣ ба буҷет баргардонида шудааст.

Тибқи маълумоти ӯ, дар соли гузашта 2323 ҷинояти коррупсионӣ ошкор шудааст, ки аз ин шумора таҳқиқи 728 парванда анҷом ёфта, ба додгоҳ ирсол гардидааст.

Сулаймон Султонзода зикр кард, ки ҷиноятҳои коррупсионӣ бештар аз ҳама дар ин ниҳодҳо содир шудаанд:

-ҳукуматҳои маҳаллӣ – 257 ҳолат,

-соҳаи маориф ва илм – 172 ҳолат,

-бахши мудофиа – 171 ҳолат.

Ҳамчунин, дар соли гузашта 1711 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки бо коррупсия алоқаманд аст, сабт шудааст.

Хотиррасон мекунем, ки тибқи Индекси байналмилалии дарки коррупсия дар соли 2024, Тоҷикистон бо 19 имтиёз, дар муқоиса бо соли гузашта як зина поён рафтааст. Бо ин нишондиҳанда, кишвар дар байни 180 давлат дар мақоми 164-ум қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳар сол рӯйхати ниҳодҳоеро нашр мекунад, ки кормандони он бештар аз ҳама даст ба фасод задаанд. Дар солҳои гуногун ин рӯйхат фарқ мекунад, аммо соҳаи маорифу илм ва тандурустӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ҳамеша дар ин рӯйхат ҳастанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.