Аз 8 то 20 соли зиндон. Беш аз 30 нафар бо иттиҳоми қасди акти террористӣ дар Ваҳдат зиндонӣ шуданд

Asia-Plus

Дар Додситонии кулли кишвар баъзе тафсилоти дигари қасди амали террористӣ дар Ваҳдат дар арафаи ҷашни Наврӯз бо истифода аз заҳролудкунии аҳолӣ дар соли 2024-ро шарҳ дода, гуфтанд, дар робита ба ин ҷиноят, беш аз 30 нафар боздошт ва аз 8 то 20  сол равонаи зиндон гардиданд. Дар робита ба ин ҳодиса ҳоло 10 нафари дигар дар пайгард қарор доранд.

Тобистони соли гузашта Додситонии кулл хабар дода буд, ки беш аз 20 нафарро барои қасди акти террористӣ дар арафаи ҷашни Наврӯзи соли 2024 бо истифода аз заҳролудкунии оммавӣ боздошт кардааст ва онҳо аъзои ташкилоти дар Тоҷикистон мамнӯи террористии ДОИШ* мебошанд. 

Ҷумъаназар Саидаҳмадзода, сардори Раёсати муқовимат бо терроризм ва экстремизм дар Додситонии кулли кишвар имрӯз, 14-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, дар робита ба “ҷиноятҳои террористие, ки дар шаҳри Ваҳдат рух дод, таҳти роҳбарии Ҳикматов Абубакр, нисбати зиёда аз 30 нафар парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ шуда, бо ҳукми суд маҳкум шуданд”.

Ба иттилои ӯ, муттаҳамон аз 8 то 20 сол равонаи зиндон шуданд. Ҳоло 10 нафари дигар дар робита ба қасди террористӣ дар Ваҳдат дар пайгард будаанд.

Ҷумъаназар Саидаҳмадзода гуфт, муттаҳамон аз шаҳру навоҳии гуногуни кишвар будаанд ва мехостанд, “акти террористӣ бо роҳи заҳролуд кардани хӯрок дар ҷашни Наврӯз дар шаҳри Ваҳдат содир шавад”.

Назари худи маҳкумшудагон, пайвандони онҳо ё вакилони дифояшон дар робита ба ҳукми додгоҳ маълум нест.

Бояд гуфт, ки боздошти даҳҳо нафар дар пайванд ба қасди амали террористӣ дар арафаи Наврӯз дар шаҳри Ваҳдат бори аввал баҳори соли гузашта, пас аз ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳолл” дар канораи шаҳри Маскав, расонаӣ шуд. Он замон мақомоти Тоҷикистон ин иттилоъ рад карда, гуфта буданд, ки “ин хабарҳо асоси воқеӣ надоранд”.

Баътар, тобистони ҳамон сол, Додситони кулли кишвар тасдиқ кард, ки беш аз 20 нафарро барои қасди акти террористӣ дар арафаи ҷашни Наврӯзи соли 2024 дар кишвар боздошт кардааст ва онҳо аъзои ташкилоти дар Тоҷикистон мамнӯи террористии ДОИШ* мебошанд.

Он замон Юсуф Раҳмон, додситони вақти кул гуфт, “дар ҳақиқат содиршавии акти террористӣ бо роҳи заҳролудкунии гурӯҳи одамон дар арафаи Ҷашни Наврӯз аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешгирӣ карда шуд”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...