Додситони кул, боздошти беш аз 20 нафарро барои “қасди акти террористӣ” дар арафаи Наврӯз тасдиқ кард

Додситони кулли кишвар боздошти беш аз 20 нафарро барои қасди акти террористӣ дар арафаи ҷашни Наврӯзи соли 2024 дар кишвар тасдиқ кард ва гуфт, онҳо аъзоёни ташкилоти дар Тоҷикистон мамнӯи террористии ДОИШ* мебошанд ва мехостанд “гурӯҳи одамонро заҳролуд кунанд”. Қаблан расонаҳои дохиливу хориҷӣ бо такя ба манбаъҳои худ дар мақомоти қудратии кишвар аз боздошти дастикам 15 […]

Asia-Plus

Додситони кулли кишвар боздошти беш аз 20 нафарро барои қасди акти террористӣ дар арафаи ҷашни Наврӯзи соли 2024 дар кишвар тасдиқ кард ва гуфт, онҳо аъзоёни ташкилоти дар Тоҷикистон мамнӯи террористии ДОИШ* мебошанд ва мехостанд “гурӯҳи одамонро заҳролуд кунанд”.

Қаблан расонаҳои дохиливу хориҷӣ бо такя ба манбаъҳои худ дар мақомоти қудратии кишвар аз боздошти дастикам 15 сокини шаҳри Душанбе ва Ваҳдат бо гумони содир кардани амали террористӣ ҳангоми баргузории чорабиниҳои наврӯзӣ дар пойтахт ва шаҳри Ваҳдат хабар дода буданд.

Он замони расонаҳо навишта буданд, ки онҳо барои робита доштан бо гумонбарони ҳамлаи террористии “Крокус Сити Ҳолл” дар Маскав ва ҳамкорӣ бо Давлати исломӣ* (ДОИШ) дастгир шудаанд.

Вале баъдтар КДАМ бо нашри як изҳорот ин иттилоъ рад карда, гуфта буд, ки “ин хабарҳо асоси воқеӣ надоранд”.

Он замон расонаҳо навиштанд, ки натавонистаанд аз манобеи худ дар ниҳодҳои қудратӣ иттилои бадастовардаашонро расман тасдиқ ё такзиб кунанд.

Бо гузашти беш аз чор моҳ Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар дар нишасти матбуотии рӯзи 9-уми август гуфт, “дар ҳақиқат содиршавии акти террористӣ бо роҳи заҳролудкунии гурӯҳи одамон дар арафаи Ҷашни Наврӯз аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешгирӣ карда шуд ва дар робита ба он зиёда аз 20 аъзои ташкилоти террористии ДОИШ* дастгир карда шудаанд”.

Ӯ мушаххас нагуфт, ки онҳо дар кадом минтақаи Тоҷикистон мехостанд одамонро заҳролуд кунанд, бо кадом роҳ ва бар зидди онҳо бо кадом моддаҳо парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Вале афзуд, “айни ҳол парвандаи ҷиноятӣ дар баррасии додгоҳӣ қарор дорад”.

“Алоқаи онҳо бо дигар ташкилотҳои террористӣ зимни тафтишот мавриди санҷиши ҳамаҷониба ва пурра қарор дода шуд”, – гуфт Юсуф Раҳмон.

Зимнан, дирӯз, 8-уми август Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар ним сол 3 амали террористӣ ва 2 сӯиқасд ба амали террористӣ дар ВМКБ, Хатлон ва шаҳру навоҳии тебеи марказ пешгирӣ карда шуд.

Аммо тафсилоти ошкор ва пешгирӣ шудани амалҳои террористиро ифшо накард. Ҳамин тавр, нагуфт, ки дар робита ба ин амалҳои террористии пешгиришуда чанд нафар боздошт гардидааст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.