Қарзи хориҷии Тоҷикистон 3,2 млрд долларро ташкил медиҳад

То моҳи июли соли 2024 қарзи давлатии Тоҷикистон 3,6 млрд долларро ташкил дод, ки ба 23,7%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) баробар аст. Дар ин бора имрӯз, 9 август зимни нишасти матбуотӣ муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Юсуф Маҷидӣ хабар дод. Аз ин маблағ 3,2 млрд доллар (88%) қарзи хориҷӣ ва ҳудуди 400 млн доллар (12%) қарзи […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

То моҳи июли соли 2024 қарзи давлатии Тоҷикистон 3,6 млрд долларро ташкил дод, ки ба 23,7%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) баробар аст. Дар ин бора имрӯз, 9 август зимни нишасти матбуотӣ муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Юсуф Маҷидӣ хабар дод.

Аз ин маблағ 3,2 млрд доллар (88%) қарзи хориҷӣ ва ҳудуди 400 млн доллар (12%) қарзи дохилӣ мебошад. Ҳаҷми умумии қарзи беруна ба 23,7%-и ММД баробар аст.

Дар нимсолаи аввали соли 2024 барои пардохти қарзи хориҷии ҷумҳурӣ 135 млн доллар, аз ҷумла барои пардохти қарзи асосӣ 92,2 млн доллар ва фоизҳо – 42,8 млн доллар равона шудааст.

Таъмини иҷрои уҳдадориҳои молиявии давлат дар доираи нақшаи тасдиқшуда амалӣ гардида, қарзҳо ба созмонҳои байнулмилалии молиявӣ ва давлатҳои ҷудогона вуҷуд надоранд.

Ба гуфтаи Юсуф Маҷидӣ, барои пардохти қарзи беруна Тоҷикистон ҳамасола на зиёдтар аз 10%-и буҷети худро масраф мекунад.

Қарздиҳандаи бузург ба Тоҷикистон Чин мебошад, ки ҷумҳурӣ ба он ҳудуди 900 млн доллар қарздор аст. Ҳамчунин аз Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд ва Бонки аврупоии таҷдиду рушд низ қарзҳо нисбатан зиёданд.

Тоҷикистон инчунин аз евробондҳо (500 млн доллар) қарздор аст, ки соли 2017 барои идомаи сохтмони неругоҳи барқи обии “Роғун” ҷалб шуда буданд. Ин қарз мувофиқи ҷадвали тасдиқшуда пардохт мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.