Дар Тоҷикистон 52 мансабдор ба дуздии миллионҳо аз буҷети Вазорати мудофиа айбдор мешаванд

Дар Тоҷикистон айни замон барои дуздии маблағ аз буҷети Вазорати мудофиаи Тоҷикистон нисбати 52 корманди ин Вазорат парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Тавре ки имрӯз, 9 август зимни нишасти матбуотӣ дар Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ хабар доданд, парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати ин шахсон ҷиҳати баррасии минбаъда ба Суди олӣ фиристода шудаанд. Дар ҳамин […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон айни замон барои дуздии маблағ аз буҷети Вазорати мудофиаи Тоҷикистон нисбати 52 корманди ин Вазорат парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Тавре ки имрӯз, 9 август зимни нишасти матбуотӣ дар Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ хабар доданд, парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати ин шахсон ҷиҳати баррасии минбаъда ба Суди олӣ фиристода шудаанд. Дар ҳамин ҳол аз ному насаб ва вазифаҳои ин шахсон маълумот дода нашуд.

Зикр шуд, ки зиёни молиявие, ки аз ҷониби айбдоршавандагон расонида шудааст, зиёда аз 123,1 млн сомониро ташкил дода, то ин дам 93 млн сомониаш баргардонида шудааст.

Бино ба маълумоти Агентӣ, соҳаи мудофиа дар зинаи панҷум миёни сохторҳои бештар фасодзада қарор дорад.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ба сурати умум 1267 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодӣ ошкор шуда, нисбати 694 нафар парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.