НАВШУДА. Дар Тоҷикистон давоми ним сол 3 амали террористӣ ва 2 ҳолати сӯиқасд ба терроризм ошкор шудааст

Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, дар шаш моҳи аввали соли 2024 дар кишвар 3 амали террористӣ ва 2 ҳолати сӯиқасд ба терроризм ошкор карда шудааст. Ба иттилои ӯ, амалҳои террористӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Хатлон ва навоҳии тобеи марказ пешгирӣ карда шуд. Аммо Абдураҳмон Аламшозода тафсилоти ошкор ва пешгирӣ шудани […]

Asia-Plus

Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, дар шаш моҳи аввали соли 2024 дар кишвар 3 амали террористӣ ва 2 ҳолати сӯиқасд ба терроризм ошкор карда шудааст. Ба иттилои ӯ, амалҳои террористӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Хатлон ва навоҳии тобеи марказ пешгирӣ карда шуд.

Аммо Абдураҳмон Аламшозода тафсилоти ошкор ва пешгирӣ шудани амалҳои террористиро ифшо накард. Ҳамин тавр, маълум нест, ки дар робита ба ин амалҳои террористии ошкору пешгиришуда чанд нафар боздошт гардидааст.

Ӯ танҳо гуфт, дар ин муддат 95 ҳолати маблағгузорӣ ба терроризм ва экстремизм ба қайд гирифта шуда, 43 ҳолати он ошкор ва 39 нафар дастгир гардидаанд. Маблағи умумии маблағгузорӣ ба терроризм 500 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Ҳамчунин, дар ин давра 10 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 53 нафар барои содир намудани 19 ҷиноят ошкор карда шудааст. Аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 582 ҷинояти террористӣ ва экстримистӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар ин давра, 226 аъзои ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ дастгир гардида, инчунин, 220 нафар дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ ихтиёран ба ватан баргардонида шуда, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ  озод шуданд.

Дар натиҷаи доир кардани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ дар умум 1 ҳазору 589 аъзои равия ва созмону ташкилоти террористӣ ва иштирокчиёни амалиёти мусаллаҳона аз хориҷи кишвар ба ватан баргардонида шуда, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуданд.

Соли ҷорӣ дар натиҷаи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар маҷмуъ, 7 оила дар ҳайати 29 нафар, ки шомил ба гурӯҳҳои экстремистӣ буданд, аз давлатҳои ҷангзада ва дигар кишварҳои хориҷӣ бо ташабуси мақомот ба ватан баргардонида шуданд.

Дар умум, давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби ВКД 1 ҳазору 381 нафар, ки барои ҷиноятҳои гуногун дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ буданд, дастгир карда шуданд. Аз ҷумла, тавассути “Интерпол” 44 нафар, ки дар хориҷи кишвар дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ буданд, дастгир гардида, 22 нафари онҳо аллакай ба Тоҷикистон истирдод карда шуданд. Истирдоди 22 нафари дигар дар ҳоли баррасӣ аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио