“Дар ним сол 3,5 ҳазор QR-рамз кам шуд”. Раиси Бонки миллӣ сабаби кам шудан ва мушкилиҳо дар кори QR-рамзҳоро шарҳ дод

Дар 6 моҳи соли равон шумораи QR-рамз барои пардохтҳои ғайринақдӣ дар кишвар 3,5 ҳазор кам шудааст. Дар ин бора Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон хабар дода, сабаби камшавии QR-рамз дар кишвар ва мушкилиҳо зимни пардохт бо QR-рамзи ягона дар марказҳои савдову хидматрасониро шарҳ дод. Ӯ дар нишасти матбуотии рӯзи 7-уми август дар посух ба […]

Asia-Plus

Дар 6 моҳи соли равон шумораи QR-рамз барои пардохтҳои ғайринақдӣ дар кишвар 3,5 ҳазор кам шудааст. Дар ин бора Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон хабар дода, сабаби камшавии QR-рамз дар кишвар ва мушкилиҳо зимни пардохт бо QR-рамзи ягона дар марказҳои савдову хидматрасониро шарҳ дод.

Ӯ дар нишасти матбуотии рӯзи 7-уми август дар посух ба суоли хабарнигори “Азия-Плюс” гуфт, сабаби кам шудани QR-рамз ин насби QR-рамзҳои ягона дар муассисаҳои савдою хидматрасонии кишвар аст.

Толибзода зикр кард, ки то насби QR-рамзи ягона дар марказҳои савдову хидматрасонӣ ҳар як бонк ё ташкилоти қарзӣ QR-рамзи худро гузошта буд, аз ин рӯ, дар назди ҳар як хазинаҳо 4-5 QR-рамз меистод ва муштарӣ намедонист, ба кадоми он маблағ гузаронад, ки дар натиҷа навбатпоӣ мешуд.

“Баъди он ки QR-рамзи ягона таҳия ва татбиқ шуд, ҳамаи бонкҳо ва ташкилотҳо қарзӣ маълумоти зарурии худро ба он ворид карданд. Аз ин рӯ, ҳамаи QR-рамзҳоро гирифтанд ва ба ҷои онҳо QR-рамзи ягонаро гузоштем. Ҳоло дилхоҳ харидори дорандаи ҳамёни мобилии бонки худ аз  QR-рамзи ягона истифода мекунад. Бинобар ин, пастшавии якбораи QR-рамз дар нимсола мушоҳида шуд”, – гуфт Фирдавс Толибзода.

Раиси БМТ илова кард, ки дар ин давра дар муассисаҳои савдою хидматрасонӣ 16 ҳазору 472 QR-рамзи ягона насб кардаанд ва “дар маҷмуъ омори QR-рамзи ягона тамоюли зиёдшавӣ дорад”.

 

Айби Интернет, телефон ва фурӯшандаҳо. Сабаби мушкилиҳо дар QR-рамзҳо

Дар ҳамин ҳол, Толибзода эътироф кард, ки зимни пардохти маблағ тавассути QR-рамзҳои ягона ҳам мушкилиҳо ҷой дорад, ки бештараш мушкили техникӣ аст ва на ҳамеша ба низоми бонкӣ рабт дорад.

“Дастрасӣ ба интернет масъалаи асосӣ аст, ки аксаран садди роҳ мешавад. Ё ин ки мушкил дар худи телефони харидор аст, ки бо сабабҳои техникӣ кор намекунад ё ба интернет пайваст намешавад. Мушкилии дигар, ин аст, ки бархе нуқтаҳои садо ва хидматрасонӣ хоҳиши истифодаи QR-рамзро надоранд”, – гуфт раиси БМТ.

Ба таъкиди ӯ, бонкҳо ҳамаи инфрасохтори заруриро барои васеъ гардонидани пардохтҳои ғайринақдӣ фароҳам овардаанд. Ӯ аз 10,4 млн ҳамёни электронӣ (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39% зиёд) мисол овард, ки то ҳол дар кишвар амал мекунад ва ба гуфтаи ӯ, “тақрибан ба сари ҳар як аҳолӣ як ҳамён рост меояд”.

Вале ваъда кард, ки бо ин вуҷуд, “бо назардошти он ки QR-рамз як раванди нав дар низоми бонкӣ аст, мушкилиҳоро дида мебароем ва дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳо онро ҳал мекунем”.

Ёдовар мешавем, ки аз 1-уми июли соли гузашта нуқтаҳои савдо ва хидматрасонии Тоҷикистон тибқи QR-рамзи ягона пардохтро қабул мекунанд. То ин дам барои пардохти молу хидматрасонӣ лозим меомад, ки лавҳаҳо бо QR-коди бонки хидматрасонии худро пайдо кунед.

 

QR-коди ягона чист?

QR-коди ягона – коди матрисавиест (штрих-коди дученака), ки дорои маълумот дар бораи ирсолкунанда ва қабулкунандаи маблағ мебошад ва барои сканкунӣ бо истифода аз дастгоҳи мобилӣ, сканери штрих-код ва дигар дастгоҳҳо бо мақсади интиқоли реквизитҳои амалиёти интиқоли пул таъин шудааст.

Мақсад аз ҷорӣ намудани QR-коди ягона васеъ намудани инфрасохтори пардохт барои таъмини эътимоднокӣ ва фаврияти пардохтҳо ва ҳавасмандсозии рушди босуръати пардохтҳои ғайринақдӣ мебошад.

Дар бораи он ки QR-рамзи ягона чист ва аслан барои чӣ лозим аст, дар маводи мо хонед

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.