Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, соли гузашта Русия беш аз 30 ҳазор муҳоҷири тоҷикро “бозпас фиристод”

Asia--Plus

Соли гузашта беш аз 30 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз ҳудуди Русия бозпас фиристода шудаанд. Аз ин 17 ҳазору 800 нафар тавассути фурудгоҳҳои ин кишвар дубора ба Тоҷикистон баргардонида шудаанд. Дар ин бора Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон имрӯз, 14-уми феврал, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Додситони кулли навтаъин дар робита ба ихроҷи бесобиқаи муҳоҷирони тоҷик дар пайи ҳамлаи террористӣ дар толори консертии “Крокус” ва маҳдуд шудани ҳуқуқҳои муҳоҷирон дар Русия изҳори назар кард.

Ӯ гуфт, дар пайи боздошти 4 шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун гумонбар дар ин ҳамла “обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ паст гардид” ва вазъи муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар бад шуд.

Ба иттилои додситони кул, “агар қаблан то 1 ҳазор муҳоҷири тоҷик ихроҷ мешуданд, баъди ин ҳодиса, соли гузашта ин рақам ба 30 ҳазор расидааст. Танҳо аз фурудгоҳҳои Русия 17 ҳазору 815 нафар шаҳрванди Тоҷикистон бозпас гардонида шудааст”.

“Дар Федератсияи Русия баъди ин ҳодиса қонунҳои нав нисбати муҳоҷират қабул шуд, ки ҳуқуқҳои муҳоҷиронро маҳдуд мекунад. Муҳоҷирон бо сабаҳои ночиз ҳатто “поспорт” дуруст нест, муҳлати вурудшавӣ наомадааст, дар кофтуков аст, андозро насупоридааст, ҷаримаро насупоридааст ё дигар сабабҳо бозпас фиристода шудаанд”,-гуфт Ҳабибулло Воҳидзода.

Қаблан,  Иматшо Нодирзода, сардори хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар нишасти хабарӣ гуфта буд, ки дар 9 моҳи соли 2024 беш аз 600 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз хориҷа ба кишвар баргаштаанд, ки аксарияташон аз Русия мебошанд. Аммо вазир ва зердастонаш дар хусуси чӣ теъдоди онҳо аз Русия баргаштанд ва аз ин чанд нафарашон ихроҷ шуданд, маълумот надод.

 

Дар робита ба парвандаи “Крокус” аз мақомоти Русия ягон пешниҳод дарёфт накардаем

Додситони кул ҳамчунин гуфт, ки дар мувофиқа ба баррасии парвандаи ҷиноии 4 шаҳрванди Тоҷикистон дар робита ба қазияи “Крокус” то имрӯз ягон пешниҳод аз мақомоти Русия дарёфт накардаанд.

Ӯ гуфт, ки дар баррасии парвандаҳои худ ин кишвар комилҳуқуқ аст ва “худи мақомоти Русия тафтишот мебарад, айб эълон мекунад ва дар мурофиаи судӣ баррасӣ мекунад”.

“Агар ба мо оиди дилхоҳ масъала ҷониби Русия муроҷиат кунад, мо омода ҳастем, ки бо онҳо ҳамкорӣ кунем. Бо Федератсияи Русия ягон мушкилот дар муносибатҳои байниҳамдигарӣ ва бурдани тафтишот вуҷуд надорад. Мо бо ин кишвар шартномаи ҳамкорӣ оиди масъалаҳои ҳуқуқӣ дорем, чӣ масъалае шавад бо роҳи гуфтушунид ва мулоқотҳои дуҷониба ҳал карда метавонем”,-афзуд Воҳидзода.

 

Ҳодисаи “Крокус” ба боздошти баҳсбарангези чор шаҳрванди Тоҷикистон

Ёдрас мешавем, ки ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав рӯзи 22-юми март рух дод. Ҳамлагарон ба сӯйи ғайринизомиён дар бино оташ кушода, толори мусиқиро оташ заданд ва фирор карданд. Бар асари ин амали террористӣ 146 нафар ҳалок ва боз 551 каси дигар осеб диданд.

Чаҳор шаҳрванди Точикистон Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фаридун Шамсидин ҳамчун гумонбари бевоситаи ҳамла ва чанд нафари дигар ҳамчун шарик ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд. Шеваи боздошту ба ҳабс гирифтани онҳоро ҳомиёни ҳуқуқи инсон интиқод каранд. Ҳамаи онҳо дар додгоҳ бо рӯи кафидаву осори зарбу лат намудор шуданд. Чанд маротиба муҳлати ҳабси онҳо дароз карда шуд.

Ахиран адвокати яке аз айбдоршавандагон Олег Власов эълон кард, ки тафтиши парванда оид ба содир шудани амали террористӣ дар толори “Крокус Сити Холл” ба поён расид ва ин парвандаро Додситони ҳарбии ин кишвар баррасӣ мекунад.

Бояд гуфт, ки баъди ҳамлаи террористӣ ба толори “Крокус” фишор болои муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби мақомоти Русия ва бегонаситезӣ аз сӯйи афроди алоҳида бештар шуд. Ҷониби Тоҷикистон дар пайи фишорҳои ахир болои шаҳрвандонаш дар Русия чандин бор изҳори нигаронӣ кард ва ба сафири ин кишвар дар Тоҷикистон нотаи эътирозӣ супорид.

Маълумоти бештар дар бораи ин ҳодиса, ҷараёни боздошти гумонбарон ва афзоиши фишор болои муҳоҷирони кории тоҷик дар пасманзари ин ҳаводисро дар ин пайванд хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...