Ошӯб дар зиндони Ваҳдат. Додситони кул гуфт, ки сардори зиндон захмӣ шудааст

Аз Додситонии кулли Тоҷикистон, ки тафтиши парвандаи ошӯб дар зиндони маъруф ба “Кирпичний” ё Муассисаи ислоҳии №3/2 дар шаҳри Ваҳдатро пеш мебарад, гуфтанд, дар пайи ин ҳодиса сардори зиндон захмӣ шуда, нисбати ин ҳодиса барои “сӯиқасди куштор” ва “номураттаб сохтани кори муассисаҳои ислоҳӣ” парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли кишвар дар посух ба […]

Asia-Plus

Аз Додситонии кулли Тоҷикистон, ки тафтиши парвандаи ошӯб дар зиндони маъруф ба “Кирпичний” ё Муассисаи ислоҳии №3/2 дар шаҳри Ваҳдатро пеш мебарад, гуфтанд, дар пайи ин ҳодиса сардори зиндон захмӣ шуда, нисбати ин ҳодиса барои “сӯиқасди куштор” ва “номураттаб сохтани кори муассисаҳои ислоҳӣ” парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли кишвар дар посух ба суоли “Азия-Плюс” оид ба сабабу омилҳои ошӯб дар зиндони Ваҳдат, изҳороти қаблан дар расонаҳо нашршудаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияро дубора такрор кард.

Додситони кул илова кард, ки “гурӯҳи маҳкумшудагоне, ки дар он ҷо адои ҷазо мекарданд ва ба ҷиноятҳои характери экстремистӣ-террористӣ ба муҳлатҳои гуногун ба ҷавобгарӣ кашида шуда буданд, байни худашон маслиҳати ҷинояткорона карда, бо асбобу анҷоми халандаю бурранда мусаллаҳ гашта, ба кормандони муассисаи ислоҳӣ ҳуҷуми мусаллаҳона карда, 3 нафари онҳоро ҷароҳатдор мекунанд, ки яке аз онҳо ҷароҳати вазнин буда, дигаронаш каме вазнин ва сабук” аст.

Қаблан дар шарҳи ин ҳодиса Вазорати адлия гуфта буд, ки рӯзи 3-юми феврал дар муассисаи ислоҳии №3/2 дар шаҳри Ваҳдат аз ҷониби 9 маҳбус бо мақсади фирор бетартибӣ сар зад, ки дар натиҷа, 3 маҳбус кушта ва 3 нигаҳбони муассиса захмӣ шуданд.

Додситонии кулли Тоҷикистон имрӯз, 14-уми феврал гуфт, “кӣ кардааст, баро чӣ кардааст, аз ҷониби кӣ шудааст, ҳамаи инро тафтишот муайн мекунад”.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии Додситонии кул дар муассисаи ислоҳӣ кор мекунад.

Номбурда тасдиқ кард, ки сардори Муассисаи ислоҳии №3/2 дар шаҳри Ваҳдат захмӣ шудааст. Қаблан, бархе манбаъҳо аз захмӣ шудани сардори зиндон ва муовинаш хабар дода буданд.

Ӯ номи сардори зиндонро нагуфт. Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ аз сардори зиндон Садриддин Айнӣ ном бурдааст.

“Дар ин ҳолат оиди сӯиқасди куштор ва номураттаб сохтани кори муассисаҳои ислоҳӣ, ки инро моддаи 332 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон пешбинӣ мекунад,  парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст”, – гуфт Ҳабибулло Воҳидзода.

Дирӯз, 13-уми феврал, Музаффар Ашуриёy, вазири адлия, ки назорати зиндонҳо ба уҳдаи ин ниҳод аст, оид ба сабабу омилҳои бетартибӣ дар зиндони Ваҳдат бо баҳонаи он ки “ба раванди тафтишот халал нарасонем”, аз додани ҷузъиёти дигар худдорӣ кард ва гуфт, ки “баъди анҷом ёфтани тафтишот метавонед аз мақомоти тафтишотӣ ва судӣ маълумотӣ иловагӣ гиред”.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 3-юми феврал дар зиндони маъруф ба “Кирпичний” ё муассисаи ислоҳии №3/2 дар шаҳри Ваҳдат ошӯб сар зад, ки дар натиҷа, ба иттилои расмӣ 3 маҳбус кушта ва 3 нигаҳбони муассиса захмӣ шуданд. Аммо дертар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва баъзе манобеи иттилоотӣ аксҳое пайдо шуданд, ки дар он ҷасади 5 ва номи 7 кушташуда зикр мешуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио