Тоҷикистон барои бунёди НБО “Роғун” ба маблағи 812 млн доллар созишнома имзо кардааст

Ҳукумат оид ба ҷалби сармоя ҷиҳати бунёди НБО "Роғун" бо сармоягузорон, аз ҷумла бо  ҳукумати Итолиё, Бонки сармоягузории Аврупо, Фонди рушди Абу-Забӣ, Бонки рушди Осиё ва дигар донорҳои молиявии эҳтимолӣ гуфтушунид мекунад. Дар ин бора вазири молияи кишвар Файзиддин Қаҳҳорзода имрӯз, 14-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ӯ гуфт, ҷиҳати таъминоти молиявии бунёди НБО […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумат оид ба ҷалби сармоя ҷиҳати бунёди НБО "Роғун" бо сармоягузорон, аз ҷумла бо  ҳукумати Итолиё, Бонки сармоягузории Аврупо, Фонди рушди Абу-Забӣ, Бонки рушди Осиё ва дигар донорҳои молиявии эҳтимолӣ гуфтушунид мекунад. Дар ин бора вазири молияи кишвар Файзиддин Қаҳҳорзода имрӯз, 14-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, ҷиҳати таъминоти молиявии бунёди НБО "Роғун" бо чандин донорҳои байналмилалӣ ба маблағи умумии 812 миллион доллари ИМА созишномаҳо имзо шудаанд, ки 462 миллион доллари он қарз ва 350 миллион доллар грант мебошад.

Қаҳҳорзода гуфт, ки фоизи ҳамаи қарзҳои ҷалбшуда паст ва он дарозмуддат, аз 25 то 30 сол, мебошад.

Вазир изҳори боварӣ кард, ки пас аз амалӣ кардани лоиҳаи "Роғун" ин маблағҳо ба қарздиҳандагон дар вақташ баргардонида мешаванд.

Бояд гуфт, зимни ироаи паём ба парлумони кишвар, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ки ҳукумат барои таъмини маблағгузории саривақтии ин объекти стратегии муҳим, тадбирҳои доимӣ андешад ва аз тамоми манбаъҳо истифода намояд.

“Дар ин робита ҳамкорӣ бо як қатор ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва шарикони рушди мо барои ҷалби маблағҳои фоизӣ ба ҳаҷми 33 миллиард сомонӣ ё 3 миллиард доллар, ки аз ин миқдор 12,5 миллиард сомонӣ ё 1 миллиард 150 миллион доллар грант мебошад, ба роҳ монда шудааст”, –

таъкид гардид дар паём.

Ҳамчунин, зикр шуд, ки то охири соли 2024 созишномаҳо бо шаш ташкилот ба маблағи умумии 10 миллиард сомонӣ (тақрибан 1 миллиард доллар) имзо шудаанд, ки аз ин миқдор 3,8 миллиард сомонӣ грант мебошад ва дар соли 2025 сармоягузорӣ аз ҷониби онҳо оғоз хоҳад ёфт.

Дар паём зикр шудааст, ки дар ду соли охир барои идомаи сохтмони Роғун аз буҷети давлатӣ бештар аз 9 миллиард сомонӣ (тақрибан 830 миллион доллар) ҷудо шудааст.

Дар умум, барои идомаи сохтмони Роғун бештар аз 40 миллиард сомонӣ (тақрибан 4 миллиард доллар) ҷудо гардидааст, ки аз ҷумлаи маблағҳо 890 миллион сомонӣ аз фурӯши саҳмияҳои ҶДММ НБО "Роғун", 500 миллион доллар аз евробонду дигар маблағҳо аз буҷети давлатӣ мебошанд.

Барои анҷоми комили лоиҳаи НБО "Роғун" то соли 2035 дар умум 6,4 миллиард доллар зарур аст.

Ёдовоар мешавем, ки то ин лаҳза ду чархаи НБО "Роғун" ба кор андохта шудааст ва чархаи сеюми он соли ҷорӣ бояд ба кор дарояд. Дар умум, ин нерӯгоҳ 6 чарха дорад ва иқтидори умумии он 3600 МВт мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.