Додситонии кул ҳадафи ҳамлаи террористӣ ба мошини раиси ҲХДТ дар Кӯлобро шарҳ дод

Аз Додситонии кулли Тоҷикистон дар шарҳи тафсилоти тарконидани мошини Салим Сайвализода, раиси ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб гуфтанд, ки ҷинояткорон “бо мақсади тарсонидани мардум” махсус раиси ҳизбро интихоб кардаанд. Ҷумъаназар Саидаҳмадзода, сардори Раёсати муқовимат бо терроризм ва экстремизм дар Додситонии кулли кишвар имрӯз, 14-уми феврал, зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки “ҳодисаи тарконидани мошини Салим Сайвализодаро Бахтиёр […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Аз Додситонии кулли Тоҷикистон дар шарҳи тафсилоти тарконидани мошини Салим Сайвализода, раиси ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб гуфтанд, ки ҷинояткорон “бо мақсади тарсонидани мардум” махсус раиси ҳизбро интихоб кардаанд.

Ҷумъаназар Саидаҳмадзода, сардори Раёсати муқовимат бо терроризм ва экстремизм дар Додситонии кулли кишвар имрӯз, 14-уми феврал, зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки “ҳодисаи тарконидани мошини Салим Сайвализодаро Бахтиёр Маҷидзода ва нуҳ нафар ҳамаслакони ӯ содир кардаанд”.

Қаблан, гуфта мешуд, ки 9 нафар дар пайванд ба ин ҳодиса аз 5 сол то ҳукми абад маҳкум шуданд. Вале Ҷумъаназар Саидаҳмадзода ба ғайр аз Бахтиёр Маҷидзода боз "9 нафар ҳаммаслакони ӯ" гуфт, ки дар маҷмуъ 10 нафар мешавад. Як нафари дигар кӣ аст маълум нест. Ва ё ин масъули додситонӣ, иштибоҳан "Бахтиёр Маҷидзода ва нуҳ нафар ҳамаслакони ӯ" гуфтааст.

“Яке аз аломатҳои ҷинояти терористӣ он аст, ки миёни мардум даҳшату воҳимаву тарсро ба вуҷуд биёрад. Аз нигоҳи терористон амали терористӣ нисбати шахсони маъруф, бонуфуз ё дигар мансабдорони воломақом содир шавад, барои онҳо болотару авлотар аст. Бинобар ин Сайвализодаро дар шаҳри Кӯлоб интихоб карданд ва нисбаташ амалӣ терористӣ анҷом доданд”,-гуфт Ҷумъаназар Саидаҳмадзода.

Ин масъули додситонӣ зикр кард, ки дар баробари ин, "дигар ҷиноятҳои содиркардаи ин гуруҳи муташаккили терористӣ ошкор карда шуд, онҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд ва бо ҳукми суд ба муҳлатҳои гуногун маҳкум шуданд".

Ба иттилои ӯ “боз чанд нафари дигари ин гуруҳ дар ҷустуҷуи расмӣ қарор доранд”. Теъдоди ин нафарон маълум нест.

Қаблан Радиои Озодӣ аз қавли Ҳамзаалӣ Мусофиров, додситони минтақаи Кӯлоб навишт, ки ба нуҳ гумонбар дар тарконидани мошини Салим Сайвализода, аз панҷ сол то ҳабси абад ҳукм дода шудааст.

Ба иттилои Додситони минтақаи Кӯлоб, дар пайванди ба ин ҳодиса дар курсии айбдорӣ Бахтиёр Маҷидзода, Наврӯзҷон Одинаев, Қурбоналӣ Воҳидов, Аслам Олтиев, Акмал Шерматов, Саидмаҳмуд Шоев, Ҳоким Имомов, Насим Ашӯров ва Холисамо Раҳимова нишаста, нисбаташон ҳукм содир шудааст.

Мақомот Бахтиёр Маҷидзодаро раҳбари гурӯҳ меноманд, ки ба ҳукми абад маҳкум шудааст. Аслам Олтиев, бародари ӯ низ ҳукми абад гирифтааст.

Ҳукми камтаринро дар ин парванда Холисамо Раҳимова, ҳамсари Бахтиёр Маҷидзода, гирифтааст. Ӯро ба дӯхтани парчами ДОИШ ва хабар надодан аз ҷиноят гунаҳкор донистанд. Холисамо Раҳимова бинобар тифл доштан "муваққатан дар озодӣ қарор дорад".

Дар ҳамин ҳол, назари наздикони маҳкумшудаҳо низ ба ҳукми додгоҳ ҳанӯз дастрас нест.

Ин парванда аз сӯи муфаттишони Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таҳқиқ ва ба Додгоҳи Хатлон фиристода шуда буд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 5-уми январи соли 2024 дар деҳаи Тӯдакафш мошини хидматии Салим Сайвализода дар назди хонааш таркида, дар натиҷа ӯ ҷароҳат бардошт. Мақомот аз маҳалли ҳодиса “боқимондаи маводи худсохти тарканда”-ро пайдо кардаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио