Амфетамин: Маводи нашъаовари синтетикӣ боз як таҳдид ба ҷавонони Тоҷикистон

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Амфетаминҳо чӣ хатаре доранд ва чӣ гуна волидайн метавонанд дарк кунанд, ки фарзандашон бо маводи нашъаовар рӯ ба рӯ шудааст? Ба ин саволҳо ба «Азия-Плюс» муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ» Шероз Мирзоев ва сардори шуъбаи пешгирии нашъамандии ҳамин муассиса – Таҳмина Исматова посух доданд.

Аммо пеш аз ҳама шарҳ медиҳем, ки чаро мо тасмим гирифтем ин мавзуъро баррасӣ кунем?

Гап сари он аст, ки чанде пеш директориАгентии назорати маводи нашъаовар Зафар Самад изҳор дошт, ки дар байни ҷавонони Тоҷикистон маҳз амфетаминҳо маъмултарин маводи нашъаовар мебошанд. Ӯ таъкид дошт, ки дар соли 2024 сарфи назар аз коҳиши умумии ҳаҷми маводи мухаддири мусодирашуда, миқдори маводи психотропӣ қариб ду баробар ва маводи мухаддири синтетикӣ зиёда аз се баробар афзуд!

Ӯ гуфт, аксари ин ва дигар намудҳои маводи мухаддир аз Афғонистон ба ҷумҳурӣ ворид шуда, бештар байни ҷавонон паҳн мегарданд.

Ба аломатҳо диққат диҳед

– Аломатҳои истеъмоли амфетаминҳо чӣ гунаанд?

– Умуман, моддаҳои психоактивӣ маводе мебошанд, ки ба низоми марказии асаби инсон таъсир мерасонанд ва рафтору эҳсоси қабули олами атрофро тағйир медиҳанд.

Шахс бениҳоят фаъол мешавад, наметавонад дар ҷояш нишинад, зуд ва зиёд ва аксар вақт бесарусомон ҳарф мезанад. Ҳолати рӯҳияаш зуд тағйир меёбад – аввал рӯҳбаландӣ (эйфория), баъдан асабоният.

Омилҳое, ки хавфи вобастагӣ ба маводи нашъаоварро зиёд мекунанд, дастрасии осон ба маводи манъшуда, кунҷковӣ ва хоҳиши таҷрибаи эҳсосоти нав, таъсири дӯстон ва муҳит, инчунин норасоии назорати оила ва ҷомеа мебошанд.

Баъзан синнусол низ аҳаммият дорад. Ҳарчанд истеъмоли маводи психоактивӣ дар ҳама гуна синнусол метавонад ба нашъамандӣ оварда расонад, таҳқиқотҳо нишон додаанд, ки ҳар қадар шахс барвақттар ба истеъмоли ин моддаҳо оғоз кунад, ҳамон қадар эҳтимоли афзоиши шадиди вобастагӣ зиёдтар мешавад.

Олимон бар ин назаранд, ки дар 40-60% ҳолатҳо муҳити номусоид омили хатари рушди нашъамандӣ мебошад.

– Чӣ гуна волидайн метавонанд дарк кунанд, ки фарзандашон маводи психоактивӣ истеъмол мекунад?

– Волидайн бояд ба тағйироти ногаҳонӣ дар рафтори фарзандашон диққат диҳанд. Агар ӯ хеле фаъол шуда, пайваста гап занад, эҳсоси хушбахтӣ ва нерӯ дошта бошад, корҳои манъ дар ҷомеаро нодида гирад, эҳсоси қобилиятҳои ҷисмонии ғайривоқеӣ дошта бошад, қариб нахобад, аммо хастагиро ҳис накунад, пас ин аломати нигаронкунанда аст.

Ҳамчунин, дар чунин ҳолатҳо мебояд эҳтиёткор буд: агар мардумаки чашмони фарзандатон васеъ шуда бошанд, ҳарорати баданаш баланд, набзаш тез, фишори хунаш баланд ва гирифтори дарди сар, бетоқатӣ ва бехобӣ бошад, агар лабҳояшро зуд-зуд лесад (аз сабаби хушкшавии даҳон), вазнаш ногаҳон кам шуда ё аз хӯрокхӯрӣ даст кашида бошад.

Баъд аз муддате, мумкин аст хастагии шадид, асабоният, шубҳанокӣ, хашм, дарди шикам ва дилбеҳузурӣ пайдо шавад. Ранги рӯяш парида, дар рӯяш доғҳо намоён гардад.

Пас аз истеъмоли “воя (доза)-и навбатӣ, кӯдак ногаҳон беҳолу хаста ва камгап мешавад. Агар чунин ҳолатҳо такрор шаванд, бояд фавран ба мутахассисон муроҷиат кард.

Маводи психотропӣ инчунин дар дорухонаҳо фурӯхта мешаванд, аммо онҳоро танҳо духтур тибқи протоколҳои клиникӣ таъйин мекунад ва онҳо қатъиян бо дорухатҳои махсус дода мешаванд.

Метавонанд то марг оварда расонанд

– Амфетаминҳо дар Тоҷикистон дар кадом шакл фурӯхта мешаванд?

– Аксар вақт дар шакли хокаи сафед, ҳаб (таблетка) ва кристалл. Ҳабҳо метавонанд мисли доруҳои маъмулӣ ё нӯшокиҳои энергетикӣ бошанд. Кристаллҳо ба шишаҳои шикаста шабоҳат доранд ва ин шакли бештар тозашудаи (консентратсияшудаи) маводи нашъаовар мебошад.

– Онҳо чӣ гуна хатарҳо доранд?

– Онҳо рӯҳу организмро хароб мекунанд, вобастагӣ ба вуҷуд меоранд, низоми асабро хаста месозанд, боиси бехобӣ, хашмгинӣ ва ваҳмнокӣ (паника) мешаванд. Дил ва рагҳои хунгард зери фишори шадид қарор гирифта, эҳтимоли сактаи дил, инсулт ва ноустувории фишори хун зиёд мешавад.

Истеъмоли тӯлонӣ ба харобии рӯҳу асабоният, ваҳмнокӣ, гум кардани хотира ва ҷунун (паранойя) боис мегардад. Шахс ба мавод сахт вобаста шуда, ба рӯҳафтодагӣ дучор мешавад, ки ин ҳолат боиси аз даст рафтани ангеза ва ташаббус мегардад. Дар ниҳоят, шахс худро комилан хаста ва нотавон эҳсос мекунад.

Илова бар ин, маводи нашъаовар дар кӯчаҳо дорои омехтаҳои зиёди зараровар, аз ҷумла моддаҳои заҳролуд мебошад, ки хавфи истеъмоли аз ҳад зиёд (передозировка), кашишҳои беихтиёр (припадок), баландшавии шадиди ҳарорати бадан, сактаи мағзӣ ва дилро зиёд мекунад, ки метавонад бо марг анҷом ёбад.

Волидайнро лозим аст, ки ҳушёр бошанд, нишонаҳои аввалини нашъамандиро нодида нагиранд ва саривақт ба мутахассисон – равонпизишкон ва табибони бемориҳои нашъамандӣ муроҷиат кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...