Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин. Онҳо чӣ гуфтанд?

Дирӯз, 24-уми феврал Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Владимир Путин, президенти Русия суҳбати телефонӣ анҷом дода, ҷараёни иҷрои тавофуқҳоеро, ки дар пайи сафари президенти Тоҷикистон ба Русия рӯзи 24 декабри соли 2024 ҳосил шуда буд, дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, энергетикӣ, амниятӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ баррасӣ кардааст. Дар ин бора Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар […]

Asia-Plus

Дирӯз, 24-уми феврал Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Владимир Путин, президенти Русия суҳбати телефонӣ анҷом дода, ҷараёни иҷрои тавофуқҳоеро, ки дар пайи сафари президенти Тоҷикистон ба Русия рӯзи 24 декабри соли 2024 ҳосил шуда буд, дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, энергетикӣ, амниятӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ баррасӣ кардааст.

Дар ин бора Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дода навиштааст, ки ин суҳбат бо бо ташаббуси ҷониби Русия сурат гирифт.

Манбаъ мегӯяд, дар мулоқот ҳамчунин вазъ ва дурнамои равобити байнидавлатии ду кишвар, ки бар принсипҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ асос ёфтааст, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

“Дар ин замина сарони давлатҳо механизми муқарраршудаи ҳамкории сохторҳои дахлдори ҷонибҳоро барои ҳалли вазифаҳои гузошташуда, аз ҷумла дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ таъкид карданд”, – навиштааст хадамоти президент.

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин  доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ низ табодули афкор намудаанд.

Дар ҳамин ҳол, сомонаи Кремл навиштааст, ки ҷонибҳо дар ин суҳбат аз сатҳи шарикии стратегӣ ва иттифоқии байни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, ҷадвали мулоқотҳои шахсияшонро мувофиқа кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 24-уми декабри соли гузашта  Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои ИДМ ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар карда, дар ҳошияи ин сафар бо Владимир Путин мулоқот карда буд.

Ҷонибҳо дар бораи афзоииши додугирифт байни ду кишвар, зиёд кардани квота барои донишҷӯёни тоҷик, афзоиши омӯзгорони рус дар Тоҷикистон, амният дар минтақа суҳбат карда буданд. Вале бар хилофи интизориҳои ҷомеа дар бораи муҳоҷират, ки яке аз масъалаи нигаронкунанда байни ду кишвар ба ҳисоб меравад, ҳарфе садо надода буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.