Вазорати фарҳанг барои драманависон озмун эълон кард. Шарту шароит ва маблағи ҷоизаро маълум кардем

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии драманависонро эълон кардаст, ки дар он эҷодкорони тамоми сину сол метавонанд ширкат ва соҳиби мукофотпулӣ гарданд. Дар ин бора ин ниҳод дар саҳифаи фейсбукии худ иттилоъ додааст.

“Азия-Плюс” шарту шароти ширкат дар ин озмунро маълум кард.

Манбаъ гуфт, мақсади эълони ин озмун рушди драматургияи миллӣ, тарғиби дастовардҳои замони истиқлоли давлатӣ, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ ва пурра гардонидани репертуари театрҳои касбии мамлакат аст.

Аз вазорат гуфтанд, ки эҷодкорони тамоми синну сол ва касбу кори гуногун навобаста аз аъзои Иттифоқи нависандагон будан ё набудан метавонанд дар озмун иштирок кунанд.

 

Шартҳои ширкат дар озмун

Дар баробари ин, асарҳои онҳо бояд ба чанд шартҳо ҷавобгӯй бошанд:

– Асарҳо барои озмун дар се нусхаи чопӣ пешниҳод шаванд;

– Асарҳо бояд мавзӯъҳои муосири таҷассумгари дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ  ва иҷтимоиву фарҳангии  кишвар дар замони истиқлолро фаро гиранд.

– Ҳамаи асарҳо бояд ба забони тоҷикӣ пешниҳод шаванд. Асарҳое, ки бо дигар забонҳо таълиф шудаанд, бояд тарҷумаи касбӣ дошта бошанд.

– Меъёри асосии қабули асарҳо арзиши бадеӣ-ғоявӣ ва ҷавобгӯй будан ба қонунии жанри драматургия мебошад. Ҳамчунин, агар драматург бо театрҳо ҳамкорӣ дошта бошад, ба инобат гирифта мешавад.

Гуфта мешавад, доварон тариқи раъйдиҳии пӯшида асарҳои беҳтаринро муайян мекунанд. Нависандагоне, ки асарҳояш ба озмун пешниҳод мешавад, ҳуқуқи доварӣ карданро надоранд.

 

Ҷоиза чанд пул аст?

Ба ғолибони озмун мукофотпулӣ дар ҳаҷми аз 3 то 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад:

– Ғолиби ҷойи якум – 10 000 сомонӣ; 

– Ғолиби ҷойи дуюм – 8 000 сомонӣ;

– Ғолиби ҷойи сеюм –  6 000 сомонӣ;

– Се иштирокчии фаъол ба ҳар яке 3 ҳазор сомонӣ, дар умум 9 ҳазор сомонӣ.

Ба иттилои ин ниҳод, асарҳои беҳтарини пешниҳодшуда дар шакли маҷмӯа интишор ёфта, ба ҳамаи театрҳои кишвар дастрас карда мешаванд.

Довталабон метавонанд ба раёсати фарҳанги Вазорати фарҳанг (суроға: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ  34) муроҷиат кунанд ва ё тариқи рақамҳои 2210204, 2216536, 221-39-80 тамос гиранд.

Бояд гуфт, ки надоштан ва ё набудани  тамошобин дар теартҳои Тоҷикистон мушкили чандинсола аст, ки ҳамаша нигаронии аҳли эҷодро ба миён меорад. Коргардонҳо, ҳунармандон ва мунаққидони театру синамо яке аз мушкилиҳоро дар ин сатм заиф будани драматургия медонанд.

Аз ҷумла, Ҷумъа, Қуддус яке аз камтарин драматургҳои кишвар дар як мусоҳибааш бо “Азия-Плюс” гуфта буд, “бархе коргардонҳо ҳоло худашон асар навишта дар театрҳо мемонанд ва дар он миён бо вуҷуди драмаҳои хуб, бадаш бисёр аст…”

Ӯ барои рушди драматургия пешниҳод карда буд, ки “…хуб мешавад оҳиста-оҳиста дар мактабҳо театр ташкил кунему ба бачаҳои шавқманд ин соҳаро аз хурдиашон омӯзонем”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...