Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Жапаров ва Шавкат Мирзиёев охири моҳи март дар Хуҷанд вомехӯрад

Рӯзи 31-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд нахустин нишасти сеҷонибаи президентони се кишвари ҳамсоя, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад. Дар ин бора расонаҳои Қирғизистон бо такя ба Эдил Байсалов, ноиби раиси Девони вазирони Қирғизистон иттилоъ дода, навиштаанд, ӯ ин нуктаро зимни иштирок дар иҷлосияи 58-уми Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар Женева зикр кардааст. […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Рӯзи 31-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд нахустин нишасти сеҷонибаи президентони се кишвари ҳамсоя, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад.

Дар ин бора расонаҳои Қирғизистон бо такя ба Эдил Байсалов, ноиби раиси Девони вазирони Қирғизистон иттилоъ дода, навиштаанд, ӯ ин нуктаро зимни иштирок дар иҷлосияи 58-уми Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар Женева зикр кардааст.

Ӯ гуфтааст, “ин нишаст барои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ қадами муҳиме хоҳад буд”.

Дар ин мулоқот созишномаҳое, ки қаблан байни раисҷумҳурҳои се кишвар дар робита ба масъалаҳои марзӣ мувофиқа шуда буданд, мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Ҳамчунин, Эдил Байсалов аз ин минбар эълон кардааст, ки хатти марзи байни Қирғизистон ва Тоҷикистон мувофиқа шудааст.

“Барои расидан ба ин созиш ҷасорат, қатъият ва садоқати қавӣ ба сулҳ зарур буд. Ин созиш қудрати дипломатия ва ҳамкориҳои минтақавиро собит месозад ва мо омодаем, ки ин дастовардро боз ҳам рушд диҳем”, –  зикр кардааст ӯ.

Қаблан, 21 феврали соли ҷорӣ, Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев раисони кумитаҳои амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон (КДАМ) созишномаи ниҳоии таъини марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буданд. Ҳамакнун, ин созишномаро парлумон бояд тасвиб ва президентони ду кишвар имзо кунанд.

Ин нахустин нишасти сеҷонибаи сарони се кишвар – Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, Содир Жапаров, президенти Қирғизистон ва Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон хоҳад буд.

Қаблан 8-уми январ сарвазирони ин се кишвар – Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар нуқтаи пайванди марзҳои се кишвар мулоқот анҷом доданд. Дар ин нуқта марзҳои вилояти Суғди Тоҷикистон, вилояти Ботканди Қирғизистон ва вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон пайваст мешаванд.

Бояд гуфт, ки ин кишварҳо байни ҳамдигар мушкили марзӣ доштанд, ки он чандсолаҳо боиси задухӯрд байни аҳолии наздимарзӣ ва солҳои охир байни сарбозону афсарон гардида буд. Тоҷикистону Ӯзбекистон чандин сол пеш ва Қирғизистону Ӯзбекистон ду-се сол пештар масъалаи марзро пурра ҳал карданд. Ҳоло танҳо масъалаи марз байни Тоҷикистон ва Қирғизистон боқӣ мондааст, ки эҳтимол соли равон пурра ҳал гардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.