Оғози моҳи Рамазон расман эълон шуд

Дар Тоҷикистон моҳи Рамазон расман 1-уми март оғоз шуда, сокинон то 30-уми март рӯза хоҳанд дошт. Дар ин бора Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, зуҳри имрӯз, 25-уми феврал Шӯрои уламои кишвар ҷаласа баргузор карда, дар асоси хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қарори дахлдорро […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон моҳи Рамазон расман 1-уми март оғоз шуда, сокинон то 30-уми март рӯза хоҳанд дошт. Дар ин бора Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, зуҳри имрӯз, 25-уми феврал Шӯрои уламои кишвар ҷаласа баргузор карда, дар асоси хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қарори дахлдорро қабул кардааст.

Тибқи қарори Шӯрои уламо, имсол маблағи фитри рӯза, закот ва фидя нисбати соли гузашта бештар шудааст:

– фитри рӯза – 8 сомонӣ (2024 – 7 сомонӣ);

– нисоби закот – аз 36 ҳазор сомонӣ 900 сомонӣ (2024 – аз 35 ҳазору 275 сомонӣ 880 сомонӣ);

– фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ – 480 сомонӣ барои 30 рӯз, барои як рӯз 16 сомонӣ (2024 – 420 сомонӣ барои 30 рӯз, барои як рӯз 14 сомонӣ).

Соли гузашта, моҳи Рамазон 11-уми март оғоз гардида, 10-уми апрел Иди Рамазон таҷлил гардида буд. Ҳамасола моҳи шарифи Рамазон 10 рӯз пештар аз соли гузашта фаро мерасад.

Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ шуморида мешавад. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат машғул мешаванд. Моҳи Рамазон Иди Рамазон ба анҷом мерасад, ки иди бузургу муҳими мусалмонон ба шумор меравад.

Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон мисли намозу закот яке аз рукнҳои муҳими ислом мебошад. Рӯза иборат аз худдорӣ намудан аз хӯрдан, ошомидан ва ҳамхобагӣ кардан аз субҳи содиқ то ғуруби офтоб аст.

Паёмбари ислом Муҳаммад (с) рӯзаи моҳи Рамазонро сипар ва нигаҳдорандаи соҳиби худ аз оташ номида, фармудааст, ки “рӯза доштан танҳо нахӯрдану наошомидан нест, балки парҳез аз суханҳои ношоиста ва корҳои зишт низ мебошад”.

Рӯзадорӣ дар ин моҳи шариф яке аз панҷ рукнҳои ислом аст. Парҳезгорӣ қариб дар ҳамаи динҳо дунё вуҷуд дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио