“Арзон ва бехатар”. Чаро дар Душанбе бунёди гузаргоҳи рӯйизаминӣ маъмул нест?

Шоираи Қудрат, Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

Моҳи декабри соли 2024 дар Душанбе 17 гузаргоҳи пиёдагардро бо баҳонаи ҳалли мушкили тамбашавӣ дар роҳҳо бастанд. Раёсати ВКД гуфта буд, ин гузаргоҳҳо дар масофаи наздик ба ҳам ҷойгир буда, яке аз омилҳои ба вуҷуд омадани танбашавии нақлиёт аст.

Ин иқдоми мақомоти кишвар чанде аз сокинони пойтахтро нигарон кардааст. Онҳо бовар доранд, ки бастани гузаргоҳи пиёдагард дар баъзе минтақаҳои шаҳр, мушкили убури роҳро ба миён меорад.

Коршиносон яке аз роҳҳои камхарҷи ҳалли ин масъаларо бунёди гузаргоҳҳои рӯйизаминӣ медонанд, ки дар кишварҳои минтақа фаровон истифода мешавад. Онҳо мегӯянд, сохтани ин роҳ камхарҷ буда, боиси тамашавӣ намегардад ва барои сокинон ҷиҳати убури роҳ ҳам қулай аст.

 

Мушкил ва хатарзо

Манижа Ибодова, як сокини маҳаллаи Испечаки пойтахт дар зери матлаби “Азия-Плюс” оид ба баста шудани гузаргоҳи пиёдагард навишт, ки ин иқдом боиси мушкил гардидааст.

Ӯ мушаххасан аз баста шудани гузаргоҳи пиёдагард дар ноҳияи Сино 2, кӯчаи Испечак 1, назди тарабхонаи “Шаҳриёр” шикоят карда, зикр намуд, ки “бастани ин гузаргоҳ барои калонсолон, маъюбон ва кӯдакон хатари ҷиддӣ ба миён овардааст, зеро гузаргоҳи баъдӣ дар масофаи хеле дур ҷойгир аст”.

“Аксарият бо вуҷуди баста будани роҳ аз болои панҷараҳо мепаранд ва ё аз ҷойи гардиши нақлиёт мегузаранд, ки хатарнок аст ва мошинҳо роҳ намедиҳанд”, – навишт ӯ.

Аммо мақомоти масъули кишвар вақти бастани ин гузаргоҳҳо таъкид карда буд, ки ин иқдом ба хотири ҳалли мушкили тамбашавии нақлиёт дар роҳҳо рӯйи даст гирифта шуд.

Баъзе сокинони пойтахт ҳам аз баста шудани 17 гузаргоҳ нороҳат нестанд ва таъкид мекунанд, ки бастани чандтои он воқеан бемаврид аст ва мушкили тамбашавии нақлиётро ҳал накарда, баръакс мушкили сокинонро бештар мекунад ва боиси эҷоди хатар ба ҳаёти онҳо низ мешавад.

Манижа Ибодова мегӯяд, дар аз тариқи гузаргоҳи басташудаи назди маҳаллаи Испечак кӯдакон, донишҷӯён, волидон, корафтодагони таваллудхона гузашта, ба боғчаву мактабу донишгоҳ ва кор мерафтанд.

“Ин гузаргоҳ қисми муҳими инфрасохтори роҳ буд ва басташавии он ба роҳатӣ ва амнияти сокинони шаҳр таъсири манфӣ мерасонад”, – илова кард ӯ.

Ӯ гуфт, қаблан дар ин роҳ садамаҳои нақлиётӣ зиёд рух медод ва ду-се сол пеш бо муроҷиати сокинон дар ин нуқта гузаргоҳ бунёд карда шуд.

Чанд лаҳза мушоҳидаи мо нишон дод, ки ҳамакнун теъдоде аз сокинон ба баста будани гузаргоҳ нигоҳ накарда, аз болои панҷара ба ҷониби дигари роҳ мегузаранд.

 

Таҷрибаи “Азия-Плюс”

Барои санҷиши дурустии шикояти сокинон ва дақиқ намудани он ки гузаргоҳҳои баъдӣ аз гузаргоҳҳои басташуда дар чӣ қадар масофа ҷойгиранд ва дар чанд дақиқа тавассути гуҳаргоҳи баъдӣ ба тарафи дигари роҳ гузаштан мумкин аст, “Азия-Плюс” таҷриба гузаронид.

Бо ин мақсад мо ба гузаргоҳи басташудаи назди Сафорати Эрон, воқеъ дар кӯчаи Нусратулло Махсум, роҳ гирифтем. Аз назди гузаргоҳи басташуда то гузаргоҳи баъдӣ, яъне гузаргоҳи зеризаминии назди “Барқи тоҷик” дар 9 дақиқаю 6 сония ва гузаргоҳи ҷониби дигар, ки пеш аз пули маҳаллаи 82 воқеъ аст, дар 13 дақиқаю 25 сония расидем. Яъне баста шудани ин гузаргоҳ сокинонро маҷбур кардааст, ки аз 9 то 13 дақиқа то гузаргоҳи баъдӣ вақт сарф кунанд, то ба ҷониби дигари роҳ гузаранд ва ё ҷони худро дар хатар монда, аз болои панҷара убур кунад.

 

Гузаргоҳҳои рӯйизаминӣ: арзон ва бехатар

Дар аксари шаҳрҳои калон барои ба вуҷуд наовардани монеа ба ҳаракати нақлиёт аз гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва рӯйизаминӣ истифода мебаранд. Ба иттилои дарёфтаи “Азия-Плюс” имрӯз дар ҳудуди шаҳри Душанбе 13 гузаргоҳи зеризаминӣ ва ҳамагӣ 3 гузаргоҳи рӯйизаминӣ мавҷуд аст. Гузаргоҳҳои рӯйизаминӣ дар ҳудуди Маркази савдои “Кушониён” воқеъ аст.

Аз раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу купрукҳои шаҳри Душанбе гуфтанд, дар тамоми роҳҳое, ки навсозӣ шуда истодаанд, сохтмони гузаргоҳҳои рӯйизаминӣ ба нақша гирифта шудааст.

“Аз ҷумла, дар кӯчаи Қаҳҳоров, ки ҳоло роҳ дар ҳоли навсозист, зиёда аз 7 гузаргоҳи рӯйизаминӣ бунёд мешавад, ки сохтмонаш аллакай оғоз шудааст”, – гуфт масъули ин ниҳод.

Ба иттилои манбаъ, барои сохтани як гузаргоҳи рӯйизаминӣ аз тахминан 5 миллион сомонӣ маблағ харҷ мешавад. Барои сохтани як гузаргоҳи зеризаминӣ бошад, қариб 10 миллион сомонӣ маблағ зарур будааст.

Масалан, шаҳрдории Душанбе барои сохтмони ду гузаргоҳи зеризаминӣ дар кӯчаи Айнӣ дар соли 2011беш аз 11 млн. сомонӣ (ҳудуди 2,4 млн. $) ҷудо карда буд.

 

Ҳамчунин, аз ин раёсат гуфтанд, дар тамоми роҳҳое, ки навсозӣ мешаванд, гузаргоҳҳои рӯйизаминӣ низ сохта мешавад.

Гуфта шуд, дар хиёбони Саъдии Шерозӣ сохтани 4 иншооти дусатҳа ба нақша гирифта шудааст, аз ҷумла дар нуқтаҳои

– буриши кӯчаи Саъдии Шерозӣ ва Неъмат Қаробоев;

– буриши кӯчаи Саъдии Шерозӣ бо кӯчаи Қаҳҳоров;

– буриши кӯчаи Садриддин Айнӣ ва Шевченко ва

– сохтмони пули роҳи оҳан барои нақлиёт.

Ба гуфтаи манбаъ, дар тамоми нуқтаҳои зикршуда гузаргоҳҳои рӯйизаминӣ барои пиёдагардон низ бунёд мешаванд. Интизор меравад, ки ин нақшаҳо то ду соли баъдӣ амалӣ карда шаванд.

Аз рӯйи нақшаи генералии шаҳрдорӣ давра ба давра гузаргоҳҳои рӯйизаминӣ дар дигар роҳҳои пойтахт низ сохта мешаванд.

Ба гуфтаи Аноятшоев Аловиддин, раиси раёсати сохтмони Вазорати нақлиёт имконияти сохтани гузаргоҳи зеризаминӣ ё рӯйизаминӣ аз макони сохташавии он низ вобаста аст.

“Масалан, дар маконе, ки оби зеризаминӣ боло бошад, имкони сохтани гузаргоҳи зеризаминӣ нест ва ҳамаи гузаргоҳҳо рӯйизаминӣ сохта мешаванд”, – гуфт ӯ.

Ба андешаи мутахассисони соҳа сохтани гузаргоҳи рӯйизаминӣ як қатор афзалиятҳо низ дорад. Ба гуфтаи мутахассисони раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу купрукҳои шаҳри Душанбе, аввалан, ин гузаргоҳҳо ҳаракати нақлиётро халалдор намекунад, ҳамзамон бехатарии шаҳрвандон низ таъмин буда, сокинон озодона ҳаракат мекунанд.

Ҳамчунин зикр гардид, аз ҷиҳати маблағ низ бунёди ин навъи гузаргоҳҳо камхарҷтар буда, нисбат ба зеризаминӣ қариб як баробар арзонтар аст. Аз ҷиҳати дигар бошад, ин гузаргоҳҳо намои шаҳрро боз ҳам зебо сохта, ба тарҳи меъмории нав мутобиқанд.

 

Таҷрибаи минтақа

Ба гузориши Газета.uz, дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд 10 гузаргоҳи рӯйизаминӣ ва 41 гузаргоҳи зеризаминӣ ба маълумоти соли 2022 мавҷуд буд. Шаҳрдории Тошкант бошад, барои сохтани 25 гузаргоҳи рӯйизаминӣ то соли 2026 дар ин шаҳр 8,5 миллион доллар (107,2 млрд суми ӯзбекӣ) ҷудо кардааст.

Аз рӯйи ҳисоби маблағи боло, барои сохтани як гузаргоҳи рӯйизаминӣ дар ин кишвар ба ҳисоби миёна 425 ҳазор доллар (4,6 миллион сомонӣ) маблағ сарф мешавад.

Дар Алмато – пойтахти Қазоқистон бошад, аз соли 2004 то соли 2024 108 гузаргоҳи рӯйизаминӣ ва зеризаминӣ сохта шудааст. Аз ҷумла, 46 гузаргоҳи зеризаминӣ ва 62 гузаргоҳи рӯйизаминӣ. То соли 2026 бошад, сохтани 14 гузаргоҳи дигар дар назар аст.

Ба навиштаи манбаъ, арзиши сохтани гузаргоҳҳои рӯйизаминӣ дар ин шаҳр аз 235 987 доллар (2, 5 миллион сомонӣ) то 465 346 доллар (5 миллион сомонӣ)-ро ташкил медод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...