Ронандаи автобус аз Тоҷикистон, ки дар Русия бо нақлиёти зери идорааш ба дарё афтода буд, ҷарима шуд

Додгоҳе дар шаҳри Санкт-Петербург, Раҳматшоҳ Қурбонов, ронандаи автобус ва зодаи Тоҷикистонро, ки соли гузашта бо автобус ба дарё афтода буд, барои сабтиноми беш аз 40 муҳоҷир дар хонааш, 106 ҳазор рубли русӣ (бештар аз 100 доллари ИМА) ҷарима кардааст. Ба гузориши ТАСС, Курбонов барои “сабтиноми тақаллубии шаҳрванд ё шахси бешаҳрвандӣ дар макони иқомат” (моддаи 322.3-и […]

Asia-Plus

Додгоҳе дар шаҳри Санкт-Петербург, Раҳматшоҳ Қурбонов, ронандаи автобус ва зодаи Тоҷикистонро, ки соли гузашта бо автобус ба дарё афтода буд, барои сабтиноми беш аз 40 муҳоҷир дар хонааш, 106 ҳазор рубли русӣ (бештар аз 100 доллари ИМА) ҷарима кардааст.

Ба гузориши ТАСС, Курбонов барои “сабтиноми тақаллубии шаҳрванд ё шахси бешаҳрвандӣ дар макони иқомат” (моддаи 322.3-и Кодекси ҷиноятии Русия) гунаҳгор эълон шуд.

Дар ҳукми додгоҳ гуфта мешавад, ки Курбонов аз апрели 2022 то майи 2024 бо гирифтани пул дар барои сабтиноми 46 шаҳрванди хориҷӣ дар хонааш, маълумоти дурӯғ пешниҳод кардааст. Дар асл, касе аз онҳо дар хонаи ӯ зиндагӣ надоштааст.

Каблан додгоҳи дигар дар ин шаҳр, Раҳматшоҳ Қурбоновро барои садамаи фоҷиавие, ки соли гузашта рух дода буду дар натиҷаи он автобуси зери идораи ӯ ба дарёи Мойка сарозер шуд, 6 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ӯ ҳамчунин барои 2,5 сол аз ҳуқуқи ронандагӣ низ маҳрум шуд.

Назари худи Раҳматшоҳ Қурбонов маълум нест.

Ёдовар мешавем, ки номи Раҳматшоҳ Қурбонов соли гузашта, дар пайи сарозер шудани як автобус дар дарёи Мойка расонаӣ гардид. Садамаи фоҷиавӣ 10-уми майи 2024 дар Санкт-Петербург ба вуқӯъ пайваст ва ронандаи он Курбонов буд. Дар натиҷа, 7 мусофир ҷон бохт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.