Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Александр Лукашенко

Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар як суҳбати телефонӣ бо Александр Лукашенко, президенти Белорус масъалаҳои кунунии рӯзномаи ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ кардааст. Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон мегӯяд, суҳбати телефонӣ имрӯз 26-уми феврал сурат гирифт ва дар он ҷонибҳо тадбирҳои минбаъдаро ҷиҳати густариши ҳамкории барои ҳарду ҷониб судманд муайян намуданд. “Ҳамчунин атрофи масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар як суҳбати телефонӣ бо Александр Лукашенко, президенти Белорус масъалаҳои кунунии рӯзномаи ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ кардааст.

Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон мегӯяд, суҳбати телефонӣ имрӯз 26-уми феврал сурат гирифт ва дар он ҷонибҳо тадбирҳои минбаъдаро ҷиҳати густариши ҳамкории барои ҳарду ҷониб судманд муайян намуданд.

“Ҳамчунин атрофи масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор анҷом ёфта, аҳамияти идомаи ҳамкории судманд дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ таъкид гардид”, – гуфта мешавад дар хабарномаи хадамиоти матбуотӣ.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, Тоҷикистон муносибатҳои дипломатиро бо Белорус 5 сентябри соли 1996 барқарор намудааст.

Соли 1997 сафорати Тоҷикистон дар Белорус таъсис ёфта, соли 2011 дар шаҳри Душанбе сафорати Белорус дар Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кард.

Санадҳои бунёдгузоре, ки принсипҳои асосии муносибатҳои дуҷонибаро байни ду кишвар муайян менамоянд, Аҳдномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Белорус аз 5 апрели соли 2000 ва Аҳдномаи шарикии стратегӣ байни Тоҷикистон ва Белорус аз 27 июни соли 2019 ба ҳисоб мераванд.

Дар маҷмӯъ, байни Тоҷикистон ва Белорус зиёда аз 100 аҳднома ва созишнома ба имзо расидааст, ки барои пешбурд ва таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо созгор мебошанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.