Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Александр Лукашенко

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар як суҳбати телефонӣ бо Александр Лукашенко, президенти Белорус масъалаҳои кунунии рӯзномаи ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ кардааст.

Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон мегӯяд, суҳбати телефонӣ имрӯз 26-уми феврал сурат гирифт ва дар он ҷонибҳо тадбирҳои минбаъдаро ҷиҳати густариши ҳамкории барои ҳарду ҷониб судманд муайян намуданд.

“Ҳамчунин атрофи масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор анҷом ёфта, аҳамияти идомаи ҳамкории судманд дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ таъкид гардид”, – гуфта мешавад дар хабарномаи хадамиоти матбуотӣ.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, Тоҷикистон муносибатҳои дипломатиро бо Белорус 5 сентябри соли 1996 барқарор намудааст.

Соли 1997 сафорати Тоҷикистон дар Белорус таъсис ёфта, соли 2011 дар шаҳри Душанбе сафорати Белорус дар Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кард.

Санадҳои бунёдгузоре, ки принсипҳои асосии муносибатҳои дуҷонибаро байни ду кишвар муайян менамоянд, Аҳдномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Белорус аз 5 апрели соли 2000 ва Аҳдномаи шарикии стратегӣ байни Тоҷикистон ва Белорус аз 27 июни соли 2019 ба ҳисоб мераванд.

Дар маҷмӯъ, байни Тоҷикистон ва Белорус зиёда аз 100 аҳднома ва созишнома ба имзо расидааст, ки барои пешбурд ва таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо созгор мебошанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...