Таъмири теппаи “Қӯрғон” то ҳол оғоз нашудааст. Раиси КҲФ аз ин теппаи садамавӣ боздид кард

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ҳамроҳи Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон аз теппаи “Қӯрғон”-и шаҳри Бохтар, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дорад, дидан кардааст. 

Ду масъули давлатӣ аз бинои собиқи осорхонаи “Бибихонум”-ро, ки дар болои теппа сохта шудааст, дидан карда, масъалаи таъмири онро баррасӣ кардаанд.

Бояд гуфт, ки атрофи осорхона тайи чанд соли охир фуру рафта, худи осорхона ба хотири бехатарӣ ба тагхонаи бинои Қасри фарҳанги шаҳр кӯчонида шудааст.

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ гуфтааст, ки мутахассисони КҲФ ба ин теппа сафарбар шуда, ба ҳолати садаманокии он баҳо хоҳанд дод.

Раиси вилоят ба масъулини шаҳри Бохтар супориш додааст, ки барои безарар фаромадани оби борон аз болопуши осорхона қубурҳои махсус гузоранд, то вазъ аз ин бадтар нашавад.

“Дар вақташ агар ба ин аҳамият медоданду қубур монда, обро безарар мефароварданд, шояд имрӯз ин бино ба ин ҳол намерасид”,- гуфтааст Давлаталӣ Саид.

Бояд гуфт, ки Давлаталӣ Саид баъди ба ҳайси раиси вилояти Хатлон таъин шуданаш дастур дода буд, ки лоиҳаи азнавсозии тепаи “Қӯрғон”-ро омода карда, пешниҳод намоянд.

Барои сохтмону азнавсозии ин мавзеъ аз буҷети вилоят маблағ ҷудо шуда буд, вале баъди таъсиси Агентии ҳифзи ёдгориҳои фарҳангию таърихӣ тепаи “Қӯрғон” ба тавозуни ин Агентӣ гузашт ва ҳамин тариқ таъмиру азнавсозии теппа мавқуф гузошта шуд.

Раиси вилоят ба масъулин супориш додааст, ки дар ҳамкори бо ин Агентӣ масъалаи таъмиру тармими тепарро баррасӣ кунанд.

Давлаталӣ Саид зимни нишасти матбуотии охираш низ ба ин мавзуъ дахл карда гуфта буд, ки тепаи “Қӯрғон” яке аз рамзҳои асосии шаҳри Бохтар ба ҳисоб меравад ва барои ободонии он ҳама кушишро ба харҷ медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...