Озмун барои кор дар Арабистони Саудӣ. Кай, дар куҷо ва барои кӣ баргузор мешавад?

Оҷонсии бакортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хоҳишмандонро барои кор дар Арабистони Саудӣ ба ҳайси пешхидмат даъват кардааст. Ин ниҳод гуфтааст, довталабон барои рафтан ба ин кишвар бояд бо корфармои ширкати “Арко” мусоҳиба анҷом диҳанд. Мусоҳиба рӯзи 27-уми феврал, соати 10:00 дар бинои ин ниҳод (бинои 108, кӯчаи Лоҳутӣ, шаҳри Душанбе) баргузор […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Оҷонсии бакортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хоҳишмандонро барои кор дар Арабистони Саудӣ ба ҳайси пешхидмат даъват кардааст.

Ин ниҳод гуфтааст, довталабон барои рафтан ба ин кишвар бояд бо корфармои ширкати “Арко” мусоҳиба анҷом диҳанд. Мусоҳиба рӯзи 27-уми феврал, соати 10:00 дар бинои ин ниҳод (бинои 108, кӯчаи Лоҳутӣ, шаҳри Душанбе) баргузор мегардад.

Аз Оҷонсии бакортаъминкунӣ дар хориҷа ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки дар навбати аввал 50 нафар қабул карда мешаванд.

Занону мардони аз 21 то 35-сола метавонанд дар ин озмун ширкат варзанд. Донистани забони англисӣ ва арабӣ (дар сатҳи муошират), надоштани доғи судӣ шарти асосии қабул гуфта мешавад.

“Гуруҳи якуме, ки фиристода мешавад, симои Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд. Ба ин хотир забондонӣ, синну сол ва чеҳра ба инобат гирифта мешавад”, – гуфт намояндаи ин агентӣ.

Маош барои кормандон 2500 риёл (ҳудуди 7200 сомонӣ ё 700 доллар) пешбинӣ шудааст. Нафароне, ки қабул мешаванд, аз ҷониби корфармо бо ҷойи зист, се вақт хӯрок, сару либоси махсус таъмин мешаванд ва хароҷоти ҳуҷҷатгузорӣ низ аз ҷониби корфармост.

Довталабон метавонанд тариқи рақамҳои зерин тамос гиранд: 221-39-67, +992555551080, +992987906666, +992930934994, +992934535193, +992918888679.

Ҳамчунин аз ин ниҳод гуфтанд, Арабистони Саудӣ ваъда додааст, ки 20 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро аз рӯйи 150 навъи кор дар ин кишвар бо кор таъмин мекунад. Интиқоли муҳоҷирон марҳила ба марҳила ба ин кишвар сурат мегирад.

Бояд гуфт, Тоҷикистон баъди тазйиқу зери фишор қарор гирифтани шаҳрвандонаш дар Русия барои гуногунсамт кардани муҳоҷирати меҳнатӣ ба кишварҳои дигар роҳ меҷӯяд. Аз ҷумла ба кишварҳои Аврупову Амрико ва ҳамакнун ба Қатар ва Арабистони Саудӣ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио