Роҳи Душанбе-Чаноқ беш аз 5 соат боз баста аст

Ширати “IRS”, ки масъули нигоҳубини роҳи Душанбе-Чаноқ, ягона роҳе, ки маркази кишварро бо шимоли он мепайвандад, мегӯяд, бо сабаби фаромадани тармаи зиёд ин роҳ баста аст. Аз ин ширкат, гуфтанд, танҳо имшаб дар ин роҳ ҳудуди 10 тарма фаромадааст. Тавре ба “Азия-Плюс” аз ширкати “IRS” хабар доданд, бартараф кардани тармаҳо идома дорад, вале вазъи роҳ то ҳол […]

Asia-Plus

Ширати “IRS”, ки масъули нигоҳубини роҳи Душанбе-Чаноқ, ягона роҳе, ки маркази кишварро бо шимоли он мепайвандад, мегӯяд, бо сабаби фаромадани тармаи зиёд ин роҳ баста аст. Аз ин ширкат, гуфтанд, танҳо имшаб дар ин роҳ ҳудуди 10 тарма фаромадааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз ширкати “IRS” хабар доданд, бартараф кардани тармаҳо идома дорад, вале вазъи роҳ то ҳол мушкил боқӣ мемонад.

“Роҳ имкон намедиҳад, ки мо бештар аз чаҳор мошини махсусро барои суръат бахшидани бартарафсозии тармаҳо истифода кунем, вале мо кӯшиш мекунем, то ки дар муддати 1,5-2 соат ҷодаро аз тармаҳо тоза кунем", – изҳор доштанз аз ин ширкат.

Ба гуфтаи манбаъ, бештари тармаҳо дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ ба қайд гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, дар баъзе қитъаҳои роҳи Душанбе-Чаноқ баландии барф ба 80 сантиметр мерасад.

Ҳарчанд ин ширкат мегӯяд, роҳ муваққатан баста аст, вале бо гузашти инак, беш аз 5 соат то ҳанӯз роҳ боз нашудааст.

Бояд гуфт, ки дирӯз, 25-уми феврал низ дар натиҷаи боридани барфи зиёд ва фаромадани тарма ин роҳ тақрибан 5 соат баста буд. Ҳамчунин, дирӯз як мошин бо ронандаву мусофиронаш зери тарма монд, ки дертар кормандони IRS онҳоро наҷот доданд.

Бояд гуфт, ки роҳи Душанбе Чаноқ ягона масир аст, ки маркази кишварро бо шимоли он мепайвандад. Ин роҳи куҳӣ буда, ҳамасола дар натиҷаи боришоти зиёди барф ва фаромадани тарма он соатҳо ва ҳатто рузҳо баста шуда, дар баъзе ҳолатҳо фаромадани тарма боиси марги ронандаҳо ва мусофирон мешавад. Масъули нигоҳубини ин роҳ ширкати “IRS” буда, бар ивази нигоҳубини роҳ аз ҳар як мошин маблағи муайян меситонад.

Ёдовар мешавем, дирӯз, 24-уми феврал Оҷонсии обуҳавошиносии кишвар хабар дод, ки рӯзҳои 25 ва 26-уми феврал дар Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ шуда, бо сабаби номусоидии ҳаво дар минтақаҳои кӯҳи кишвар эҳтимоли фаромадани тарма, яхбандӣ, обхезӣ, фаромадани туман дар назар аст.

Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки аз сафарҳои дур ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ карда, дар роҳҳо эҳтиёткор бошанд.

КҲФ гуфтааст, ки дар сурати пайдо шудани ҳолатҳои хатарнок, шаҳрвандон метавонанд бо рақами 112 ё (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 ба кормандони ин ниҳод муроҷиат кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.