Ронандаву мусофиронро аз зери тарма наҷот додаанд. Роҳи Душанбе-Чаноқ баста аст

Субҳи имрӯз, 25-уми феврал дар пайи фуромадани тарма дар роҳи Душанбе –Чаноқ як мошин зери он монда, дертар мусофирони он аз ҷониби кормандони IRS, ки масъули нигоҳдорӣ ва ҷамъовари имаблағ аз ин роҳ аст, наҷот дода шудаанд. Ин ширкат бо нашри хабарнома гуфтааст, ки ронанда ва мусофирони мошини сабукрав дар километри 78-уми роҳ зери тарма монда […]

Asia-Plus

Субҳи имрӯз, 25-уми феврал дар пайи фуромадани тарма дар роҳи Душанбе –Чаноқ як мошин зери он монда, дертар мусофирони он аз ҷониби кормандони IRS, ки масъули нигоҳдорӣ ва ҷамъовари имаблағ аз ин роҳ аст, наҷот дода шудаанд.

Ин ширкат бо нашри хабарнома гуфтааст, ки ронанда ва мусофирони мошини сабукрав дар километри 78-уми роҳ зери тарма монда буданд. Паҳноии ин тарма 60 метр ва баландиаш қариб 8 метр будааст. Ба гуфтаи масъулини ин ширкат, «давоми 2 соат ин тарма пурра бартараф карда мешавад».

IRS гуфтааст, танҳо субҳи имрӯз дар ин 14 тарма фаромада, то ҳол ҳаракати тамоми намуди нақлиёт дар ин масир муваққатан қатъ гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, тарма дар километрҳои 67, 78, 73 ва 79 – уми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ фаромада, то ҳол тармаҳои дар километрҳои 67 ва 78 –уми ин шоҳроҳ фаромада аз ҷониби кормандони ширкат бартаф карда шудааст.

“Мутаассифона, чанд дақиқа пеш дар километри ва 73 ва 79 – ум тармаҳои навбатӣ фаромаданд. Ҳоло бартарафсозии ин тармаҳо босуръат идома дорад”,-навиштааст ширкати IRS.

Ин ширкат гуфт, ҳоло бартарафсозии тармаҳо идома дорад.

Бояд гуфт, ки роҳи Душанбе Чаноқ ягона масир аст, ки маркази кишварро бо шимоли он мепайвандад. Ин роҳи куҳӣ буда, ҳамасола дар натиҷаи боришоти зиёди барф ва фаромадани тарма он соатҳо ва ҳатто рузҳо баста шуда, дар баъзе ҳолатҳо фаромадани тарма боиси марги ронандаҳо ва мусофирон мешавад. Масъули нигоҳубини ин роҳ ширкати “IRS” буда, бар ивази нигоҳубини роҳ аз ҳар як мошин маблағи муайян меситонад.

Ёдовар мешавем, дирӯз, 24-уми феврал Оҷонсии обуҳавошиносии кишвар хабар дод, ки рӯзҳои 25 ва 26-уми феврал дар Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ шуда, бо сабаби номусоидии ҳаво дар минтақаҳои кӯҳи кишвар эҳтимоли фаромадани тарма, яхбандӣ, обхезӣ, фаромадани туман дар назар аст.

Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки аз сафарҳои дур ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ карда, дар роҳҳо эҳтиёткор бошанд.

КҲФ гуфтааст, ки дар сурати пайдо шудани ҳолатҳои хатарнок, шаҳрвандон метавонанд бо рақами 112 ё (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 ба кормандони ин ниҳод муроҷиат кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.