Кумитаи тафтишотӣ қонунӣ будани онро месанҷад. Боз тақдими хона ба оилаи тоҷик дар Русия баҳсбарангез шуд

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Тақдими шаҳодатномаи манзил ба оилаи як оилаи зодаи Тоҷикистон Муҳиддин Холзода, ки шаҳрвандии Русияро ҳам дорад, дар шаҳри Нижнекамски Тотористон баҳси тундро дар шабакаҳои иҷтимоии русӣ ба миён овардааст. Кумитаи тафтишотӣ қонунӣ будани ин амалро таҳқиқ кунад. Ин дастикам сеюмин қазияи чолишдори додани хона ба оилаҳои муҳоҷири тоҷик дар Русия аст.

Рамил Муллин, шаҳрдори Нижнекамск рӯзи 3-юми март дар шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте" хабари тақдими шаҳодатномаи манзилро ба оилаи Холзода нашр кард. Ин хабар дар саҳифаи расмии шаҳрдорӣ низ бознашр шуд, ки дар зери он шарҳҳои танқидӣ ва норозигии сокинони маҳаллӣ пайдо шуданд.

Ба иттилои шаҳрдории Нижнекамск, оилаи Холзода, ки 4 фарзандро тарбия мекунанд, ин хонаро дар навбати худ дар доираи барномаи федералии “Таъмини манзил барои оилаҳои ҷавон” гирифтаанд. Ҳамаи аъзоёни ин оила шаҳрвандии Русияро доранд ва ҳамчун ниёзманд ба қайд гирифта шудаанд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мақомотро ба табъиз нисбати сокинони маҳаллӣ ва бартарӣ додан ба оилаҳои муҳоҷир айбдор кардаанд. Баъзе аз шарҳгузорон ба ҳодисаи террористӣ дар "Крокус Сити Холл", ки дар содир кардани он чанд шаҳрванди Тоҷикистон айбдор дониста мешаванд, ишора карданд.

Дар пайи ин, Александр Бастрыкин, сардори Кумитаи тафтишотии Русия дастур додааст, ки раванди тақдими манзил ба оилаи муҳоҷири тоҷикро санҷида, дар бораи натиҷаҳои он гузориш диҳанд.

Дар изҳороти Кумитаи тафтишотӣ омадааст, ки шаҳрвандон дар амалҳои маъмурияти Нижнекамск “ҷузъҳои коррупсионӣ” мебинанд, дар ҳоле, ки сокинони маҳаллӣ солҳо интизори гирифтани хона ҳастанд.

Аммо мақомоти Нижнекамск таъкид мекунанд, ки амали онҳо комилан қонунӣ аст.

Мувофиқи барномаи федералӣ, ҳамаи шаҳрвандони Русия, ки ба меъёрҳои муқарраршуда мувофиқанд (синни то 35-сола, эътирофи расмӣ ҳамчун ниёзманд ба беҳтар кардани шароити манзилӣ ва мавҷудияти даромади кофӣ), метавонанд барои харидани манзил ё сохтмони хонаи инфиродӣ кӯмаки иҷтимоӣ гиранд.

Мавқеи худи Муҳиддин Холзода ва оилаи ӯ маълум нест.

Ин дастикам сеюмин қазияи чолишдори додани хона ба оилаҳои муҳоҷири тоҷик дар Русия мебошад. Моҳи феврали имсол, дар шаҳри Митиши нисбати муовини сардори маъмурияти шаҳр барои додани хона ба оилаи тоҷикистонӣ Таҳмина Самадова ва Рамазон Раҳимов, ки 7 фарзанд доранд, парвандаи ҷиноятӣ оид ба бетаваҷҷуҳӣ оғоз шуда буд.

Ҳамчунин, дар вилояти Свердловск додани сертификати манзилӣ ба Акрам Марсаидов, ки зода Тоҷикистон асту шаҳрвандии Русияро дорад, боиси баҳс гардид.

Дар ҳамаи ин мавридҳо, сокинони маҳаллӣ изҳор доштанд, ки ба муҳоҷирон афзалият дода мешавад, дар ҳоле ки онҳо солҳо дар навбати манзил ҳастанд.

Дар як тадқиқоте, ки дар он дастрасии муҳоҷирон ба манзил дар шаҳри Москва таҳқиқ шудааст, нишон медиҳад, ки муҳоҷирон аз кишварҳои ИДМ дар шаҳри Маскав ба манзилҳо набаробар дастрасӣ доранд.

Ин таҳқиқот собит кардааст, ки муҳоҷирони аз Осиёи Марказӣ, махсусан шаҳрвандони Тоҷикистон, аксар вақт барои манзили истиқоматӣ гирифтан бо монеаҳои зиёде рӯбарӯ мешаванд.

Ба гуфтаи муҳаққиқон, ин ҳолат боиси маҳдудиятҳои ҷиддии иқтисодӣ ва ҳуқуқии барои гурӯҳҳои гуногуни муҳоҷирон шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...