Манбаъ: Нархи нобудсозии мошинҳо то 16 ҳазор сомонӣ боло меравад

Пардохти маблағ барои нобудсозӣ ё “утилизатсия”- и нақлиёт аз 3 ҳазор сомонӣ то беш аз 16 ҳазор сомонӣ боло меравад. Дар ин бора ба қарори дахлдори ҳукумат тағйиру илова ворид шудааст, ки нусхаи он ба дасти “Азия-Плюс” расид. Қарор 26-уми феврали соли ҷорӣ таҳти №96 имзо шудааст ва он баъди 1 моҳи нашри расмӣ мавриди […]

Пардохти маблағ барои нобудсозӣ ё “утилизатсия”- и нақлиёт аз 3 ҳазор сомонӣ то беш аз 16 ҳазор сомонӣ боло меравад. Дар ин бора ба қарори дахлдори ҳукумат тағйиру илова ворид шудааст, ки нусхаи он ба дасти “Азия-Плюс” расид.

Қарор 26-уми феврали соли ҷорӣ таҳти №96 имзо шудааст ва он баъди 1 моҳи нашри расмӣ мавриди амал қарор мегирад.

Дар замимаи қарор, ки маҳз дар он ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои пардохти нобудсозӣ зиёд карда шуд, гуфта мешавад, ки нархи “утилизатсия” вобаста ба навъи мошин аз 5 то 40 нишондиҳанда барои ҳисобҳои қаблӣ (аз 375 сомонӣ то 3 ҳазор сомонӣ) то 216 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 16 ҳазору 200 сомонӣ зиёд карда мешавад.

Дар қарори нав ҳаҷми пардохти нобудсозии нақлиёт вобаста ба навъи мошин чунин муқаррар шудааст:

– барои мотосиклҳо, мопедҳо, мотороплерҳо –5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (375 сомонӣ);

– Ядакҳо, нимядакҳо–45 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (3 375 сомонӣ);

барои тракторҳо, тракторҳои боркаш–72 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (5400 сомонӣ);

– барои мошинҳои сабукрав ва нақлиёте, ки аз 10 одам бештар мекашонанд, аз ҷумла автобус ва троллейбусҳо 216 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (16200 сомонӣ);

– барои автомобилҳои сабукрав ва воситаи нақлиёти дигар, ки асосан барои ҳамлу нақли одамон пешбинӣ шудаанд, аз ҷумла микроавтобусҳо ва мошинҳои пойга – 144 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (10800 сомонӣ);

– барои воситаи нақлиёти автомобилӣ, ки барои интиқоли мол, аз ҷумла самосвалҳо, автофургонҳо – 216 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (16200 сомонӣ);

– барои воситаҳои нақлиёти таъиноти махсус, аз ҷумла автокранҳо, мошинҳои сӯхторхомушкунӣ, бетономехтакунҳо, мошинҳои пармакунии автоматӣ, мошинҳои роҳтозакунӣ, мошинҳон обшӯй, устохонаҳои таъмири автомобилҳо, мошинҳои дорои таҷҳизоти рентгенӣ – 216 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (16 200 сомонӣ);

– барои мошинҳои худгарди дорои таъиноти саноатӣ, ки дар коргоҳҳо, анбор, бандарҳо ё фурудгоҳҳо барои кашонидани бор ба масофаҳои кутоҳ истифода мешаванд, аз ҷумла тракторҳое, ки дар платформаҳои стансияҳои роҳи оҳан истифода мешаванд – 216 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (16 200 сомонӣ);

– барои мошинҳои борбардор, мошинҳои борбардор бо борқапи шохагӣ – 216 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (16 200 сомонӣ);

– барои булдозерҳо, грейдерҳо, экскаваторҳо, ҳамворгардонҳо, мошинҳои шиббакунӣ – 216 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (16 200 сомонӣ);

Қаблан, танҳо аз барои 3 навъи автомобилҳо пардохт барои нобудсозии нақлиёт бо чунин меъёр муқарар шуда буд:

– барои соҳибони мототсиклҳо пардохти ҳатмӣ барои нобудсозӣ 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (375 сомонӣ);

– барои мошинҳои сабукрав ва нақлиёте, ки аз 10 одам бештар мекашонанд, 22 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1650 сомонӣ);

– барои камаз, кранҳо ё воситаҳои нақлиёти гаронвазн 40 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (3000 сомонӣ).

Дар ҳамин ҳол, ҳеҷ ниҳоди расмӣ ба “Азия-Плюс” баланад шудани нархи нобудозии нақлиётро тасдиқ ё рад накарданд. Аз ҷумла, аз Бозрасии давлатии автомобилии (БДА) ВКД гуфтанд, ҳоло қарор ба дасти онҳо нарасидааст ва аз ин рӯ, дар ин бора чизе гуфта наметавонанд.

Аз Хадамоти гумрук, ки интизор меравад ҷамъоварии ин маблағ ба зиммаи ниҳод вогузор гардад, бо баҳонаи хабар надоштан дар бораи қарори мазкур посухе надоданд.

Ҳамчунин, нусхаи ин қарор дар махзани иттилоотӣ ва ҳуқуқии Вазорати адлия, ки аксари санадҳои расмӣ дар он нашр мешаванд, дида намешавад.

Вале дар пойгоҳ як қарори дигар вобаста ба нобудсозии нақлиёт нашр шудааст, ки он ба Хадамоти гумрук ҳақ додааст, “аз воситаҳои нақлиёти автомобилии ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда” пардохт барои нобудсозӣ гиранд.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи мо вуҷуди чунин қарорро тасдиқ кард ва гуфт, ки воқеан, чунин қароре чанде пеш содир шуда, ба ниҳодҳои дахлдор барои иҷро ирсол шудааст.

Бояд гуфт, аввали моҳи феврали соли ҷорӣ овозаҳо дар мавриди гарон шудани пардохти маблағ барои нобудсозии мошин боиси нигаронии сокинони кишвар гардид. Аммо он замони аз БДА ба “Азия-Плюс” овозаҳоро беасос хонда буданд.

Танҳо гуфта буданд, ки эҳтимол ҷамъоварии маблағ ба уҳдаи Хадамоти гумрук гузарад.

Дар ин бора бораи аввал Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода буд.

Ёдрас мешавем, ки 26-уми декабри соли 2023 парлумони Тоҷикистон дар як ҷаласаи худ тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷетро қабул кард, ки дар асоси он супоридани маблағ барои нобудсозии нақлиёт ҳатмӣ шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.