Душанбе ва Тошканд дар Помир корҳои иктишофи геологӣ мегузаронанд

Дар Душанбе аввали ҳафтаи равон роҳбарияти Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон бо ҳайати Вазорати саноати кӯҳӣ ва геологияи Ӯзбекистон дидору гуфтушунид кард. Ба иттилои Саридораи геологияи ҷумҳурӣ, зимни вохӯрӣ масоили баргузор кардани корҳои муштараки иктишофи геологӣ барррасӣ шуданд. Гуфта мешавад, зимни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷонибаи соҳаи геология, корҳои муштараки иктишофи геологӣ, рақамикунонии маводи геологӣ […]

Дар Душанбе аввали ҳафтаи равон роҳбарияти Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон бо ҳайати Вазорати саноати кӯҳӣ ва геологияи Ӯзбекистон дидору гуфтушунид кард.

Ба иттилои Саридораи геологияи ҷумҳурӣ, зимни вохӯрӣ масоили баргузор кардани корҳои муштараки иктишофи геологӣ барррасӣ шуданд.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷонибаи соҳаи геология, корҳои муштараки иктишофи геологӣ, рақамикунонии маводи геологӣ ва пешниҳоди ҳисоботи оморӣ 5gr-6gr дар формати электронӣ ва онлайнӣ мавриди бюаррасӣ қарор гирифтанд.

 Ҳамчунин ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории муштарак дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки сафари ҳайати кишвари ҳамсоя то 8-уми март идома ёфта, дар доираи он меҳмонон аз ташхисгоҳҳои геологӣ ва Осорхонаи геологӣ боздид  мекунанд. Инчунин, дар доираи сафар имзои протоколи ҳамкорӣ дар назар дошта шудааст.

Таваҷҷуҳи Тошканд ба омӯзиши қаъри замини Тоҷикистон

Ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи геология аз имзои созишномаи байниҳукуматӣ дар соли 2018 оғоз ёфтааст. Дар доираи ин созишнома ҷонибҳо аллакай таҳқиқоти муштаракро дар манотиқи наздисарҳадӣ оғоз намуда, инчунин мубодилаи маълумоти илмӣ ва технологияҳоро ба роҳ мондаанд. Омӯзиши конҳои нафту газ, маъданҳои сурбу руҳ ва фосфорит, инчунин ҷустуҷӯи обҳои зеризаминӣ аз самтҳои афзалиятнок  ба шумор мераванд.

Ҳайати Вазорати саноати кӯҳӣ ва геологияи Ӯзбекистон таҳти роҳбарии вазир Бахтиёр Исломов тирамоҳи соли 2024 дар кори Форуми байнулмилалии сармоягузории кӯҳкорӣ ва металлургия дар Душанбе иштирок кард. Он замон ҷониби Тоҷикистон бо намояндагони Ӯзбекистон дурнамои баргузор намудани корҳои муштараки иктишофи геологиро дар ВМКБ баррасӣ карданд.

Ғайр аз ин, ба масоили рақамисозии маълумоти геологӣ таваҷҷуҳ зоҳир мешавад. Айни замон Тоҷикистон корҳои рақамисозии харитаи геологии кишварро дар миқёси 1:200000 ба охир мерасонад. Ин ба пешгӯии пурсамари канданиҳои фоиданок ва тарҳрезии корҳои истихроҷ имкон медиҳад. Ӯзбекистон ҳамчунин ба таҳияи пойгоҳи ягонаи маълуомти геологӣ барои Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳ дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.