Тоҷикистон vs Ӯзбекистон. Чемпионат ва футболбозони ду кишвар чӣ қадар нарх доранд?

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Бо оғози мавсими нав дар Лигаҳои футболи ду кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ портали Transfermarkt ҳайатҳо ва бозингарони гаронтарини чемпионатҳои футболи Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро нашр кард. Ёдрас мекунем, ки портали мазкур дар бораи гузариш (трансфер)-и футболбозон ва арзиши онҳо маълумот медиҳад. Нархҳои умумии дастаҳои Лигаи олии кишвар тағйир ёфтанд. Чемпионати Тоҷикистон Лигаи олии Тоҷикистон (12 даста) […]

Бо оғози мавсими нав дар Лигаҳои футболи ду кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ портали Transfermarkt ҳайатҳо ва бозингарони гаронтарини чемпионатҳои футболи Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро нашр кард.

Ёдрас мекунем, ки портали мазкур дар бораи гузариш (трансфер)-и футболбозон ва арзиши онҳо маълумот медиҳад. Нархҳои умумии дастаҳои Лигаи олии кишвар тағйир ёфтанд.

Чемпионати Тоҷикистон

Лигаи олии Тоҷикистон (12 даста) ба сурати умум 8,45 млн евро нархгузорӣ шудааст.

Ҳайатҳои гаронтарини Лигаи олии Тоҷикистон аз тимҳои “Истиқлол”, “Равшан”, “Вахш”, “Регар-ТадАЗ” ва “Ҳосилот” иборат аст.

Гаронтарин футболбози Лигаи олӣ Алишер Ҷалилов («Истиқлол») – 700 ҳазор евро ва ҳайати гаронтарин низ тими “Истиқлол” – 3,43 млн евро мебошанд. “Равшан” – 1,88 млн евро дар зинаи дуюм қарор дорад.

Дар зинаҳои баъдӣ дастаҳои зерин зикр шудаанд: «Барқчӣ» – 800 ҳазор, «Регар-ТадАЗ» – 750 ҳазор, «Вахш» – 650 ҳазор, «Хуҷанд» – 375 ҳазор, «Ҳосилот» – 300 ҳазор, КМВА (ЦСКА) – 225 ҳазор, «Ҳулбук» – 50 ҳазор, «Эсхата», «Истаравшан» ва «Панҷшер» – 0.

Дар дастаҳои Тоҷикистон 82 легионер (футболбоз аз кишвари хориҷӣ) бозӣ мекунанд: 23-тоашон аз Ӯзбекистон (7-тогӣ дар “Эсхата” ва “Истаравшан”) 16-то аз Гана, 14-то – аз Камерун, 7-то – аз Нигерия, 5-тогӣ аз Украина, Русия ва Эрон ва 1-тогӣ – аз Сербия, Босния, Молдова ва Словакия.

Дар Чемпионати 34-уми Тоҷикистон 12 даста иштирок мекунанд. Мавсими нав аз 2 давр иборат буда, ҳар кадоме аз дастаҳо дар мавсим 22 бозӣ мегузаронад.

Ёдрас мекунем, ки дар мавсими соли гузашта дастаи “Истиқлол” ба унвони қаҳрамонӣ соҳиб шуда, “Хуҷанд” ба дарёфти медали нуқра ва “Равшан” – медали биринҷӣ шарафёб гардиданд.

Чемпионати Ӯзбекистон

Суперлигаи Узбекистон ба сурати умум 90,79 млн евро нархгузорӣ шудааст. Ҳайати Лигар аз 16 даста иборат аст. Ҳайати гаронтарини бозингарони дастаҳои Суперлига 11,35 млн евро (гаронтарин дар Осиёи Марказӣ) нарх дорад. Ба он бозингарони 5 даста шомил шудаанд: 3-тогӣ футболбоз аз «Пахтакор», «Суғдиён ва «Насаф», 1-тогӣ – аз «Бунёдкор» ва «Нефтчӣ».

Гаронтарин футболбози Суперлига дарвозабон Абдувоҳид Неъматов («Насаф») – 1,5 млн евро, ҳайати гаронтарин – «Пахтакор» – 12,05 млн евро, 2-юм – «Насаф» (10,48 млн), 3-юм – «Нефтчӣ» (8,73 млн) мебошанд.

Дар идома тимҳои зерин қарор доранд: АГМК – 7,60 млн, «Суғдиён» – 6,78 млн, «Бунёдкор» – 6,38 млн, «Андиҷон» – 5,91 млн, «Навбаҳор» – 4,98 млн, «Сурхон» – 4,95 млн, «Динамо» – 4,32 млн, «Бухоро» – 3,90 млн, «Машъал» – 3,47 млн, «Қизилқум» – 3,25 млн, «Хоразм» – 3,02 млн, «Шӯртан» – 2,54 млн ва «Қӯқанд» – 2,46 млн.

Дар дастаҳои Ӯзбекистон 75 легионер бозӣ мекунанд: 12 нафар аз Сербия, 8-тогӣ – аз Бразилия ва Гурҷистон, 7-то  – аз Русия, 6 – Чериногория, 5 – Тоҷикистон (боз 1 нафар дар ҳайати ҷавонони даста), 4-тогӣ – аз Украина ва Хорватия, 3-тогӣ – аз Гана, Ҷопон ва Албания, 2-тогӣ – аз Нигерия ва Босния, 1-тогӣ – аз Македонияи Шимолӣ, Беларус, Ироқ, Колумбия, Судони Ҷанубӣ, Косово, Испания ва Кот-д' Ивуар.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 56

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари “Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...