Имрӯз сокинони баъзе кӯчаву хиёбонҳои Душанбе то бегоҳ бебарқ мемонанд

Имрӯз, 11-уми март аз соати 8:00 то 18:00 дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои ноҳияҳои Шоҳмансур ва Фирдавсии шаҳри Душанбе барқ хомӯш мешавад. Дар ин бора Шабакаҳои тақсимоти барқ дар пойтахт хабар дода, навиштааст, ки қувваи барқ бо сабаби васлу насби таҷҳизот дар доираи лоиҳаи “Барномаи рушди соҳаи энергетика” қатъ мегардад. Манбаъ мегӯяд, вобаста ба ҳаҷми корҳои […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Имрӯз, 11-уми март аз соати 8:00 то 18:00 дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои ноҳияҳои Шоҳмансур ва Фирдавсии шаҳри Душанбе барқ хомӯш мешавад. Дар ин бора Шабакаҳои тақсимоти барқ дар пойтахт хабар дода, навиштааст, ки қувваи барқ бо сабаби васлу насби таҷҳизот дар доираи лоиҳаи “Барномаи рушди соҳаи энергетика” қатъ мегардад.

Манбаъ мегӯяд, вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмир дар баъзе мавридҳо “қувваи барқ пеш аз муҳлати нишондодашуда пайваст карда мешавад”.

Барқ дар минтақаҳои мазкур қатъ карда мешавад:

Дар ноҳияи Шоҳмансур:

дар кӯчаҳои: Рӯдакӣ 29/9 (бинои “Ватан”), Рӯдакӣ 15/1, Рӯдакӣ 11, Фурудгоҳ 18, Мавлоно 245, Мастонгулов 30, Фурудгоҳ 5, Мастогулов 38/1, Мастогулов 38, Айнӣ 51/1, Айнӣ 16 Блоки А, Айнӣ 215.

Дар ноҳияи Фирдавсӣ:

дар кӯчаҳои: Н. Қарабоев 53, Н. Қарабоев 28/1, Н. Қарабоев 92/2 Блоки 3, Крупский 3, Н., Қарабоев 4 гузари 1, Гравзавод 1-А, Н. Қарабоев 138-Б, Фирдавсӣ 5/13, Шоҳтемур 25, Гравзавод 2-А, Борбад 80, Қаҳоров 135, 50 солагии Тоҷикистон 11, Борбад 66, Борбад 72, 50 солагии Тоҷикистон 7,Борбад 48/15, Борбад 92, Деҳотӣ 9/4, Борбад 54, Борбад 56, Гравзавод 3, Борбад 58, Борбад 102, Борбад 50/3, Ҳусейнзода 10/1, 12 ТП-3521, 343/2,Н. Қарабоев 89/1 (2).

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 8 ва 9-уми март низ аз соати 8-и субҳ то 17-и бегоҳ дар баъзе аз кӯчаву хиёбонҳои марказии шаҳри Душанбе интиқоли барқ қатъ гардида буд.  Шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳри Душанбе гуфта буд, ки барқ бо сабаби “гузаронидани корҳои таъмирӣ” қатъ гардид.

Дар ҳоли ҳозир ба истиснои Душанбе дар минтақаҳои Тоҷикистон маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ҷорӣ аст. Аммо сокинони пойтахт ҳам аз қатъи барқ шикоят мекунанд, ки мақомот онро ба корҳои “профилактикӣ” ё таъмир рабт медиҳанд.

Соли ҷорӣ аз 22-юми сентябр дар Тоҷикистон маҳдудият ё “лимит”-и барқ расман ҷорӣ шуд. Ширкати “Барқи тоҷик” мушкилро ба камбуди об ва афзоиши талаботи аҳолӣ ба барқ унвон кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.