Қатъи дурӯзаи барқ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе

Рӯзҳои 8 ва 9-уми марти соли ҷорӣ аз соати 8-и субҳ то 17-и бегоҳ дар баъзе аз кӯчаву хиёбонҳои марказии шаҳри Душанбе интиқоли барқ қатъ мешавад. Дар ин бора Шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад. Манбаъ гуфтааст, ки барқ бо сабаби “гузаронидани корҳои таъмирӣ” қатъ мешавад, вале шарҳ дода нашудаст, ки мушаххас чӣ корҳои […]

Рӯзҳои 8 ва 9-уми марти соли ҷорӣ аз соати 8-и субҳ то 17-и бегоҳ дар баъзе аз кӯчаву хиёбонҳои марказии шаҳри Душанбе интиқоли барқ қатъ мешавад. Дар ин бора Шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Манбаъ гуфтааст, ки барқ бо сабаби “гузаронидани корҳои таъмирӣ” қатъ мешавад, вале шарҳ дода нашудаст, ки мушаххас чӣ корҳои таъмирӣ ва дар кадом қисмат гузаронида мешавад.

Ин ниҳод гуфтааст, давоми ду рӯз барқ дар чунин хиёбон ва кӯчаҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ қатъ мешавад:

– хиёбони Рӯдакӣ;

– кӯчаи Исмоили Сомонӣ;

– кӯчаи Лоиқ Шералӣ;

– кӯчаи Мирзо Турсунзода;

– кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ;

– кӯчаи Некрасов;

– кӯчаи Бохтар;

– кӯчаи Ойгул;

– кӯчаи Маҳмадулло Холов;

– кӯчаи Пушкин.

Ҳамчунин, барқ дар биноҳои ҶСП “Ориёнбонк”, Иттифоқи нависандагон, меҳмонхонаҳои Авесто, Тоҷикистон, биноҳои Маҷлиси Олӣ, хонаи Радио, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти алоқа ва Вазорати мудофиа қатъ мешавад.

“Вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз муҳлати нишондодашуда пайваст карда мешавад”, – гуфтааст Шабакаҳои тақсимоти барқи пойтахт.

Дар ҳоли ҳозир ба истиснои Душанбе дар дигар минтақаҳоли кишвар лимит ҷорӣ аст.

Вале гоҳ-гоҳ сокинони Душанбе ҳам аз қатъи барқ шикоят мекунанд, ки мақомот онро ба корҳои “профилактикӣ” ё таъмир рабт медиҳанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.