Тоҷикистон мехоҳад узви Ташаббуси ҳамкории Осиё оид ба ғизо ва кишоварзии Корея шавад

Дар шаҳри Душанбе чанде пеш мулоқоти муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон Нигина Анварӣ бо муовини Котиби генералии Ташаббуси ҳамкории Осиё оид ба ғизо ва кишоварзии (AFACI) Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ Кук-Хван баргузор гардид. Тавре ки дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар рафти вохурӣ ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳо дар рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла самти чорводорию […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе чанде пеш мулоқоти муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон Нигина Анварӣ бо муовини Котиби генералии Ташаббуси ҳамкории Осиё оид ба ғизо ва кишоварзии (AFACI) Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ Кук-Хван баргузор гардид.

Тавре ки дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар рафти вохурӣ ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳо дар рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла самти чорводорию растанипарварӣ ва хизматрасониҳои машваратии соҳаи кишоварзиро мавриди баррасӣ қарор доданд..

Гуфта мешавад, ҳамзамон дар рафти вохурӣ вобаста ба шомил шудани Вазорати кишоварзии ҶТ ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ба узвияти он (AFACI) тибқи тартиби муқарарраргардидаи қонунгузорӣ тавассути роҳҳои дипломатӣ мавриди гуфтушунид сурат гирифт.

Зикр мешавад, ки Ташаббуси ҳамкории Осиё оид ба ғизо ва кишоварзӣ (AFACI) ҳамчун як созмони минтақавӣ ҷиҳати пешбурди рушди устувори кишоварзӣ ва ҳамкориҳои технологӣ дар байни кишварҳои узви он мебошад, ки дар паҳн намудани технологияҳои инноватсионии кишоварзӣ, табодули дониш ва эҷоди тавонмандӣ дар минтақаи Осиё нақши муҳим дорад.

Консепсияи он (AFACI) ба таъсиси шабакаи муштараки кишварҳо барои ҳалли масъалаҳои муҳим дар истеҳсоли ғизо, кишоварзии устувор ва саноатикунонии соҳаи кишоварзӣ мусоидат менамояд.

Тарафҳо барои дарёфти самтҳои афзалиятнок ва беҳтар гардидани сатҳу сифати ҳамкориҳо дар рушди соҳаи кишоварзӣ тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ тавассути роҳҳои дипломатӣ мувофиқи мақсад шумориданд.

AFACI аз 15 кишвари зерин узв иборат аст: Бангладеш, Бутан, Камбоҷа, Лаос, Индонезия, Қирғизистон, Муғулистон, Мянма, Непал, Филиппин, Шри-Ланка, Таиланд, Ӯзбекистон, Ветнам ва Кореяи Ҷанубӣ. Котиботи созмон дар Маркази байнулмилалии ҳамкории технологӣ (ITCC)-и назди Маъмурияти кишоварзӣ ва рушди минтақаҳои деҳот дар шаҳри Чонҷуи Кореяи Ҷанубӣ қарор дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.